Сабти ном
 
Имом Молик (раҳматуллоҳи алайҳ) гуфта аст:
السنة سفينة نوح من ركبها نجا ومن تخلف عنها غرق
Суннат - киштии Нӯҳ аст, ҳар кӣ бар он савор шавад, наҷот ёбад. Ва ҳар кӣ аз он бозпас монад, ғарқа гардад.

Паёмҳои тозатарин

Сафҳа: [1] 2 3 4
1
ФИРҚАҲО / Илм ва манҳаҷ
« Посухи охирон аз Муҳаммадазиз Раҷабӣ Июнь 21, 2017, 12:43:33 п.н. »
Илм ва манҳаҷ.

(1)
Тақрибан ҳашт сол қабл бо бародаре (аз пайравони шайх Рабиъ ибни Ҳодии Мадхалӣ) дар бораи манҳаҷ (равиши аҳли суннат дар фаҳму татбиқи дин ва даъвату ислоҳ ва амсоли инҳо) гуфтугӯй мекардаму мегуфт:
"Ин хавориҷ (такфириҳо ва аҳли ғулувв) ва ин ҳизбиҳо (ихвониҳо ва наҳзатиҳо ва амсоли инҳо) дар ҳақиқат пайрави аҳли илм нестанд, агарчанде ки эҳтироми уламоро даъво мекунанд".
Суҳбати мо ҳам дар бораи ин се имоми бузургвор Абдулазиз Ибни Боз, ва Муҳаммад ибни Солеҳ Усаймин ва Носируддин Албонӣ буд.
Дар он замон ман чунин чизро тасаввур карда наметавонистам, розӣ намешудам вале сукут мекардам.
Зеро ки шахсан барои ман ин се нафар аз муҷаддидин ва бузургтарин уламои уммат буданд.
Ва ҳеҷ вақт тасаввур намекардам, ки шахсе бузургиву маконати эшонро эътироф кунад, вале аз эшон пайравӣ намекарда бошад...

(2)
Вале инак чанд соли охир сухани он бародар бароям собит шуд.
Мутаассифона!
Мебинам ки баъзе ҷавонони толибилм аз Мақдисиву Улвон илм мегиранд, ба ҷойи Ибни Боз ва Усаймин.
Мебинам ки баъзеҳо китобҳои Фавзон ва Усайминро мехонанд, вале дар масъалаҳои ҳассосе мисли такфир ва амсоли он, ва аҳкоми навозил, мераванд суроғи кадом як шайхе дигар.
Баъзеи дигараш мегӯянд: Албонӣ олим асту фалону фалон, лекин дар ин масъалаҳо аз ӯ пайравӣ намекунем.
Баъзеи дигараш нав китоб хонданро оғоз кардааст, ва ниёз ба омӯхтани забони арабӣ дорад, - сухани Ибни Таймияро барои ман шарҳ доданӣ мешавад.

(3)
Аҷоибаш дар онки баъди ин ҳама инҳироф худро дар манҳаҷи суннат ва салаф мешуморанд.
Пас куҷо ҳаст эҳтироми аҳли илм ва пайравии ҳақиқии уламо?!
Куҷо шуд манҳаҷ?
Барои чӣ дар талаби илм манҳаҷи дурустро намепаймоед?
Ин ҳама харобу вайронӣ ва ихтилофу адоват ба сабаби ҳамин беманҳаҷӣ дар талаби илм аст.
Дар ҳеҷ илме аз улуми шаръӣ китобе аз уламои муътабарро дарс накардааст, ва хатм накардааст, - вале худро толибилм медонад.
Назди ҳеҷ устоде зону задаву китобе шарҳ надидааст, вале фатво медиҳад.
Куҷост илму куҷост манҳаҷ, ва куҷост имому роҳи шумо?
Аз паси киҳо ва куҷо равонед?
Оё дар ҳақиқат пайрави уламо ҳастед, ё ки пайрави ҳавову афкори худ?
Ин бузургворон Ибни Боз, ва Усаймин ва Албонӣ ва амсоли инҳо, - танҳо бароямон таҳорату намоз ва ҳайзу истинҷоро наомӯхтаанд, балки тамоми аҳкоми исломро баён кардаанд ки ниёзе ба Мақдисӣ ва кадоме дигар нест.
Пас чаро илми динатонро аз уламои муътабар намегиред?

М.Раҷабӣ
21.06.2017
2
Чаҳорум:

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва салам) баён кардааст, ки он суннате ки овардааст мисли Қуръон аст. Мисли Қуръон аст, дар онки аз ҷониби Худованд мебошад, ва ҳуҷҷат аст, ва мулзам (ҳатмӣ) бар бандагон аст. Ва Паёмбар барҳазар доштааст умматашро аз инки дар мавриди амру наҳйҳо бо Қуръон басандагӣ кунанд. Ва дар як ҳадиси саҳеҳ ҳаромшудаеро барои мо баён кардааст аст, ки аз чунин ҳукм дар Қуръон чизе зикр нашудааст балки дар Қуръон ишорае ба ҳалол будани он аст:

عَنْ الْمِقْدَامِ بْنِ مَعْدِي كَرِبَ عَنْ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَنَّهُ قَالَ:
أَلَا إِنِّي أُوتِيتُ الْكِتَابَ وَمِثْلَهُ مَعَهُ ، أَلَا يُوشِكُ رَجُلٌ شَبْعَانُ عَلَى أَرِيكَتِهِ يَقُولُ : عَلَيْكُمْ بِهَذَا الْقُرْآنِ فَمَا وَجَدْتُمْ فِيهِ مِنْ حَلَالٍ فَأَحِلُّوهُ وَمَا وَجَدْتُمْ فِيهِ مِنْ حَرَامٍ فَحَرِّمُوهُ أَلَا لَا يَحِلُّ لَكُمْ لَحْمُ الْحِمَارِ الْأَهْلِيِّ وَلَا كُلُّ ذِي نَابٍ مِنْ السَّبُعِ.

Аз Миқдом ибни Маъдӣ Кариб, аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки фармуд:
“Огоҳ бошед, барои ман китоб ва ҳамроҳи он китоб мисли онро дода шудааст. Огоҳ бошед, рӯзе меояд, ки марди сере (шикамаш пур) бар тахташ (болишаш) такя зада мегӯяд: «Шумо ба ин Қуръон чанг бизанед, ончӣ ки дар он аз ҳалол ёфтед пас ҳалолаш бишуморед, ва ончиро ки дар он ҳаромшуда ёфтед пас ҳаромаш бишуморед (яъне ба ҳамин Қуръон басандагӣ кунед дар шинохти ҳалол ва ҳаром)».
Огоҳ бошед, барои шумо гӯшти хари хонагӣ ва ҳар даррандаи соҳиби дандон (ашк) ҳалол нест”. (Абудовуд 4604, ва Албонӣ онро дар "Саҳеҳи Абудовуд" саҳеҳ донистааст).

Асҳоби Паёмбар (Аллоҳ аз эшон розӣ бод) динро чунин фаҳмиданд:

عن عبد الله قال: "لعن الله الواشمات والمستوشمات والمتنمصات والمتفلجات للحسن المغيرات خلق الله فبلغ ذلك امرأة من بني أسد يقال لها أم يعقوب فجاءت فقالت : إنه بلغني أنك لعنت كيت وكيت ، فقال : ومالي لا ألعن من لعن رسول الله صلى الله عليه وسلم ومن هو في كتاب الله ؟
 فقالت : لقد قرأت ما بين اللوحين فما وجدت فيه ما تقول ، قال : لئن كنتِ قرأتيه لقد وجدتيه ؛
أما قرأت : ( وما آتاكم الرسول فخذوه وما نهاكم عنه فانتهوا )؟ ، قالت : بلى ، قال : فإنه قد نهى عنه ، قالت : فإني أرى أهلك يفعلونه ، قال : فاذهبي فانظري ، فذهبت فنظرت فلم تر من حاجتها شيئاً ، فقال : لو كانتْ كذلك ما جامعَتنا.

Аз Абдуллоҳ (ибни Масъуд) ривоят аст, ки гуфта: Аллоҳ лаънат кардааст холкубандаҳоро ва онҳое ки хостори онанд, ва онҳое ки мӯйи рӯяшонро мечинанд, ва онҳое ки миёни дандонҳоро васеъ мекунанд, ба хотири зебо шудан. Онҳое ки офаридаи Аллоҳро тағйир медиҳанд.
Ин хабар ба гӯши зане расид аз қабилаи Бани Асад, ки Умми Яъқубаш мегуфтанд, ва омаду гуфт: Ба ман хабар расид ки ту чунину чунонро лаънат кардаӣ!
Абдуллоҳ ибни Масъуд гуфт: Чаро лаънат накунам онеро ки Расулуллоҳ (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) онро лаънат кардааст, ва дар китоби Аллоҳ омадааст?!
Он зан гуфт: Ман миёни ду ҷилди мусҳаф (яъне аз аввал то ба охир Қуръон)-ро хондаам, вале ончӣ ки дар бораи лаънат гуфтӣ пайдо накардам.
Гуфт: Агар мехондӣ, пайдо мекардӣ!
Оё ин сухани Аллоҳро нахондаӣ: “Ҳарчӣ ки Расул ба шумо додааст бигиред ва аз ончӣ ки шуморо наҳй карда, бозистед”. (Ҳашр, 7).
Гуфт: Бале хондаам!
Ибни Масъуд гуфт: Пас (бидон, ки) Расулуллоҳ аз он (чизҳои мазкур) наҳй кардааст (ва муқтазои оят, ин аст ки аз Расул итоъат карда шавад...).
Он зан гуфт: Ба назари ман хонаводаи худат мекунанд ин корҳоро.
Ибни Масъуд гуфт: Бирав ва бубин (ки оё дар ҳақиқат чунин аст).
Он зан рафту назар кард, ва ончӣ ки гумон дошт пайдо накард.
Пас Абдуллоҳ ибни Масъуд гуфт: Агар чунин мебуд, ҳамроҳи мо зиндагонӣ намекард (яъне талоқаш медодам). (Бухорӣ, 4604 ва Муслим, 2125).

Ва низ тобиъин ва имомони ислом динро чунин фаҳмидаанд. Ва ҷуз ҳамин қоъида чизи дигареро намедонанд, - инки байни Қуръон ва Суннат дар истидлол ва илзом (ҳатмӣ будан барои қабул ва амал) фарқе нест, ва ин суннат баёнгар ва муфассири аҳкомест ки дар Қуръон омадааст.

Имом Авзоъӣ аз Ҳассон ибни Ъатия нақл мекунад: Ҷабраил (алайҳис-салом) бар Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фуруд меомад бо Қуръон, ва суннат онро тафсир мекард.

Имом Айюби Сихтиёнӣ мегӯяд: Ҳаргоҳ ба марде аз суннат сухан гӯянд, ва ӯ бигӯяд: “Бигзор инрову аз Қуръон сухан бигӯй”, пас бидонед ки чунин шахс гумроҳ ва гумроҳкунанда аст.

Ва имом Авзоъӣ мегӯяд: Худованд фармуда: “Ҳаркӣ Паёмбарро итоат кард ба таҳқиқ Худоро итоат карда аст”.
Ва фармуда: “Ва ончиро ки Паёмбар ба шумо додаст, онро бигиред (итоъат ва амал кунед)”.

Низ имом Авзоъӣ мегӯяд: Қосим ибни Мухаймара гӯяд: Ончӣ ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаром донист ва бо он вафот кард, пас то рӯзи қиёмат ҳаром аст, ва он чизе ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онро ҳалол донист ва бо он вафот кард то рӯзи қиёмат ҳалол аст. (ал-Одоб-уш-шаръийя, 2/307).

Бадриддини Заркашӣ мегӯяд:
“Ҳофиз Доримӣ мегӯяд: “Бароям Қуръонро додаанд ва мисли онро” - аз суннатҳое ки Қуръон онро зикр накардааст, ва ин суннатҳо баёнгари иродаи Аллоҳ ҳастанд. Мисли таҳрими гӯшти хари хонагӣ, ва соҳиби дандон аз даррандагон, ва дар ин маврид нассе дар Қуръон наомадааст.

Аммо он ҳадисе ки аз тариқи Савбон ривоят шуда, ки аҳодисро бар Қуръон арза кунед, имом Шофеъӣ (раҳимаҳуллоҳ) дар китоби "ар-Рисола" мегӯяд: “Касе ки ҳадисаш дар масъалае собит бошад (яъне шахси муътамаде) онро ривоят накардааст”.
Имоми ҳадис Яҳё ибни Маъин ҳукм карда ки ҳадиси сохтае ҳаст, ки онро зиндиқҳо ворид кардаанд.

Имом Ибни Абдулбарр дар китоби " Ҷомеъу баёнил-илм" аз Абдурраҳмон ибни Маҳдӣ нақл карда ки: “Зиндиқҳо ва хавориҷ ин ҳадисро ворид кардаанд:

 ما أتاكم عني فاعرضوه على كتاب الله , فإن وافق كتاب الله فأنا قلته , وإن خالف فلم أقله.

(Ончӣ аз ман ба шумо расид, ба китоби Худо арза кунед, агар ба китоби Худо мувофиқ бошад пас онро ман гуфтаам, ва агар мухолифат кард, пас онро ман нагуфтаам)”.

Ҳофиз ибни Ҳаҷар мегӯяд: Ин (ҳадис) саҳеҳ нест. Ва қавме аз уламо онро радд кардаву гуфтаанд: Мо ин ҳадисро бар китоби Худо арза кардем, ва дарёфтем ки мухолифи китоб аст; зеро ки мо дар китоби Худо чунин сухане наёфтаем: Танҳо ҳадиси мувофиқ бо Қуръон қабул бошад. Балкӣ дар Қуръон амр шуда ки аз фармудаҳои ӯ (алайҳис-салом) пайравӣ кунем. Ва барҳазар будан аз мухолифат бо Паёмбар ҳукми мутлақе ҳаст бар тамоми аҳвол.

Ибни Ҳиббон дар "Саҳеҳ" – аш, дар шарҳи ҳадиси Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мегӯяд:

بلغوا عني ولو آية.

Ин ҳадис ба он  далолат мекунад, ки суннатро оят низ гуфта мешавад.

Панҷум:

Бародаре мақоларо тарҷума кардав ирсол намуд (Аллоҳ подоши некӯяш диҳад), ва иншоаллоҳ қисм қисм баъди таҳрир нашр мешавад.
(ИДОМА ДОРАД...)
3
Саввум:

Худованд Паёмбараш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро бо Ислом фиристод, ва ин неъмати азим, натанҳо Қуръон балки Қуръон ва Суннат аст. Вақто ки Худованд тамом (пурра) шудани динро ва камоли неъматро барои бандагонаш миннат гузошт, мақсуд танҳо инзоли Қуръон набуд, балки мақсуд камоли аҳком буд дар Қуръону Суннат. Ба далели онки баъди ин хабари камоли дин ва итмоми неъмат, боз оятҳое нозил шуда буданд.
Худованд мефармояд:

الْيَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِينَكُمْ وَأَتْمَمْتُ عَلَيْكُمْ نِعْمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ الْإِسْلَامَ دِينًا.

“Имрӯз барои шумо дини шуморо комил кардам ва неъмати Худро бар шумо тамом кардам ва Исломро барои шумо дин ихтиёр кардам”. (Сураи Моида, 3)

Бадриддини Заркашӣ мегӯяд: “Ин сухани Худованд "имрӯз дини шуморо комил кардам" маънои онро дорад, ки ман аҳкоми шариъатро комил кардам, на Қуръонро, зеро баъд аз ин оят оёте дигар нозил шуд, ки мутаалиқ ба аҳком набуданд”. (Ал-мансур фил-қавоъид, 1/142).

Ибни Қаййим (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд: “Худованд бо забони Паёмбар бо суханони худ ва низ суханони худи Паёмбар тамоми амрҳояшро, тамоми наҳйҳояшро, тамоми ҳалолҳояшро, тамоми ҳаромкардаҳояшро, тамоми ончӣ ки дар он гузашт кардааст (ъафвкардаҳошро)-ро баён карда аст, аз ин рӯй дин комил аст, чигунае  ки Худованд мефармояд:

الْيَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِينَكُمْ وَأَتْمَمْتُ عَلَيْكُمْ نِعْمَتِي.

Имрӯз барои шумо дини шуморо комил кардам ва неъмати Худро бар шумо тамом кардам. (Сураи Моида, 3)”. (Иълом-ул-муқиъин, 1/250).

Чаҳорум:
4
Дуввум:

Яке аз ҷавобҳои дандоншикан ба онҳое ки мегӯянд мусалмононро ҳоҷат ба суннат нест, балки Қуръон басанда аст, - ин аст ки ин сухани онҳо худ мухолифи оятҳои Қуръон аст, зеро ки Худованд амр кардааст то ончӣ Паёмбар овардааст бигирем, ва аз ончӣ ки боз дошт онро тарк кунем, ӯро итоат кунем ва ҳукмҳои ӯро қабул кунем.

Худованд мефармояд:

وَمَا آتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانتَهُوا ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۖ إِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَاب.

“Ва ҳарчӣ Пайғамбар ба шумо бидиҳад, онро бигиред ва аз ҳарчӣ шуморо манъ кунад бозистед ва аз Худо битарсед. Ҳар оина Худо сахт уқубаткунанда аст”. (Сураи Ҳашр, 7).

قُلْ أَطِيعُوا اللَّهَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ ۖ فَإِن تَوَلَّوْا فَإِنَّمَا عَلَيْهِ مَا حُمِّلَ وَعَلَيْكُم مَّا حُمِّلْتُمْ ۖ وَإِن تُطِيعُوهُ تَهْتَدُوا ۚ وَمَا عَلَى الرَّسُولِ إِلَّا الْبَلَاغُ الْمُبِينُ.

“Бигӯ: Аз Аллоҳ ва Пайғамбар итоъат кунед; агар (сарпечӣ кардед) рӯй бигардонед, пас бар ӯ анҷоми чизе воҷиб аст, ки бар дӯши вай ниҳода шудааст (таблиғи рисолат); ва бар шумо ҳам анҷоми чизе воҷиб аст, ки бар дӯшатон ниҳода шудааст (итоъат). Ва агар фармонбардории ӯ кунед, роҳ меёбед (ва ба хайру саъодат мерасед). Ва бар Пайғамбар ба ҷуз пайғом расонидани ошкоро (чизе) нест”. (Сураи Нур, 54).
 
وَمَا أَرْسَلْنَا مِن رَّسُولٍ إِلَّا لِيُطَاعَ بِإِذْنِ اللَّهِ.

“Ва Мо ҳеҷ пайғамбареро нафиристодем, магар барои он ки ба ҳукми Худо аз ӯ фармонбардорӣ карда шавад (пас итоъат аз ӯ – итоъат аз Худо ҳаст). (Сураи Нисо, 64).

فَلَا وَرَبِّكَ لَا يُؤْمِنُونَ حَتَّىٰ يُحَكِّمُوكَ فِيمَا شَجَرَ بَيْنَهُمْ ثُمَّ لَا يَجِدُوا فِي أَنفُسِهِمْ حَرَجًا مِّمَّا قَضَيْتَ وَيُسَلِّمُوا تَسْلِيمًا.
 
“Чунин нест! Ба парвардигорат қасам, ки онҳо муъмин ба шумор намеоянд, то туро дар ихтилофот ва даргириҳои худ, ҳакам (довар) накунанд; ва сипас малоле дар дили худ аз доварии ту надошта бошанд, ва комилан таслим (-и қазовати ту) бошанд. (Сураи Нисо, 65).

Оне ки даъво дорад, ки танҳо Қуръонро пайравӣ мекунад ва ба суннат муҳтоҷ нест, дар бораи ояҳои зикршуда чи мегӯяд? Ба фармудаҳои Худованд дар ин оятҳо чӣ ҷавобе дорад?
Чигунае ки дар боло зикр кардем он намозе ки Худованд дар Қуръон ба мо амр кардааст чигуна аст? Чанд намоз аст? Дар кадом вақтҳо бояд хонда шавад? Шартҳояш чист? Ботилкунандаш чист? Инчунин он муддаъӣ ба дигар фармудаҳои Худованд ба мисли закот, ҳаҷ, рӯза ва дигар шиорҳои ислом бояд посух диҳад.
Ё ки ин фармудаи Худовандро чигуна татбиқ мекунад?

وَالسَّارِقُ وَالسَّارِقَةُ فَاقْطَعُوا أَيْدِيَهُمَا جَزَاءً بِمَا كَسَبَا نَكَالًا مِّنَ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ.

“Ва дасти марди дузд ва зани дуздро ба ҷазои ончӣ ба амал овардаанд, бибуред. Ин ибрате [аст] аз тарафи Худо. Ва Худо Ғолиби Доно аст. (Сураи Моида, 38).
Он ҳадду андоза (нисоб) дар чизи дуздидашуда чӣ қадр аст? Дастро бояд то куҷояш бурид? Оё дасти чап ё инки ростро бояд бурид? Ва шартҳои ашёи дуздидашуда чӣ аст? Ба мисли ҳамин суолҳо, дар бораи ҳадди қазф (туҳмат), зино, лиъон ва дигар ҳудуди шаръӣ бояд посух бидиҳад.

Бадриддини Заркашӣ (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд:
Имом Шофеъӣ дар "Рисола" дар боби итоат аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чунин мегӯяд: Худованд мефармояд:

.(و من يطع الرسول فقد اطاع الله)

“Ҳаркӣ Паёмбарро итоат кард, ба таҳқиқ Худоро итоат кардааст”.
Ҳар фаризае ки Худованд дар китобаш онро фарз кардааст мисли намозу ҳаҷу закот агар баёну шарҳи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам намебуд мо ҳаргиз онҳоро татбиқ карда наметавонистем инчунин ҳеҷ яке аз аҳкоми шариатро низ. Агар ҷойгоҳу манзалати Паёмбар дар шариат чунин бошад (яъне барои фаҳмонидани аҳкоми илоҳӣ) ҳароина итоат аз ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мисли итоат аз Худованд аст. (ал-Баҳрул-муҳит,  6/7,8).

Ҳар мусалмони оқиле пай мебарад, ки он даъвокунандаи таъзими Қуръон аз бузургтарин мухолифони Қуръон асту аз бузургтарин хориҷшавандагон аз дин. Чун Қуръонро кофӣ мегӯяд барои барпо кардани дин ва аҳкоми шариъат, ҳатман чунин мешавад, ки бо суннат амал намекунад, пас дар ин сурат кофир мешавад ё ки амал мекунад, ва дар зидду нақиз меафтад.

Саввум:
5
ФАТВОХОНА / Оё нос кашидан рӯзаро мешиканад?
« Посухи охирон аз Муҳаммадазиз Раҷабӣ Июнь 08, 2017, 08:44:58 б.н. »

Оё нос кашидан рӯзаро мешиканад?

Посухи ин савол бар чор қисм аст:
1. Қабл аз ҳама, бояд донист, ки истеъмоли нос гуноҳ аст ва ҳукми нос монанди ҳукми сигоркашӣ ҳаром аст, чун асли ҳар аз ду аз модаи хабиси танбоку омода мешавад ва зиёнҳои он ба саломатӣ пӯшида нестанд, ки аз истеъмоли он шахси сигоркаш ё носкаш ба саратони лабу дандону ком ва саратони гулӯву нойу шуш гирифтор мешавад.
2. Нос аз муфтирот аст ва аз муфсидоти рӯза, зеро чун онро ба даҳон мегузоранд, бо об ва луъоби даҳани инсон омехта мешавад ва ба гулӯ меравад ва боиси шикастани рӯза мегардад.
Шояд, касе аз носкашон иддиъо кунад, ки эҳтиёт мекунам ва оби даҳанро ки бо мазаи нос омехта мешавад, фурӯ намебарам ва туфаш мекунам.
Посухаш ин аст, ки нос мазаи худро дорад ва бо вуҷуди туф кардану ғарғара кардан таъми нос муддати тӯлонӣ дар даҳон боқӣ мемонад ва баъди чанде ҳатман бо оби даҳон омехта ба гулӯ меравад.
3. Масъалаи дигар ин аст, ки нос ба ҷисм таъсири сусткунанда дорад, мисли бангу афюн, ки ҷисмро лаззат, ба истилоҳ кайф мебахшад.
4. Агар аз рӯи мантиқу ақл ба ин масъала назар кунем, дар рӯзаи Рамазон, ки Худои таъоло хурдани таъоми ҳалол ва нӯшидани  оби ҳалол ва омезиш бо зани ҳалолро бар мусулмонон манъ карда аст, пас чи гуна метавон, дар ин рӯзҳои муборак аз таъому ошомидании ҳалол даст кашиду ин моддаи хабиси қайангези манфурро истеъмол кард?
Ин посухи яке аз устодон аст.
М. Раҷабӣ
07.06.2017
6
Ибораҳои мамнуъ дар тарбияи фарзанд

Табиъист, ки аз ҷониби фарзанд хатое, ё гуноҳе содир мешавад, (ҳамчуноне ки дар ҳамин синну сол аз мо содир мешуд) ва падару модар аз он сахт нохушнуд ва хашмгин мешаванд. Дар ин ҳангом падару модар ибораҳое ба забон меронанд, ки бар фарзанд садамаи рӯҳӣ мезананд ва шуъури фарзандро захмгин мекунанд.

Шояд, падару модар ҳангоми хашм пайомади суханонашонро ҳис накунанд ва он суханони дуруштро маҳз барои паст кардани шиддати хашми худ ва қабеҳ будани гуноҳи фарзанд гуфта бошанд.

Бо вуҷуди ин, чунин суханони заҳрогин метавонанд, дар зеҳни фарзанд як умр уқдаи нафсӣ эҷод кунанд, азияташ диҳанд, ба сӯи инҳирофаш баранд, муътоди сигор, шароб, ё бангаш кунанд, эътимодашро ба хештан коста созанд, сабабгори силсилаҳои нокомӣ дар ҳаёташ шаванд ва ҳатто ӯро ба бемориҳои нафсӣ мубтало намоянд.

Аксари ин ибораҳои мамнуъ иборатанд аз: таҳқири фарзанд ва паст заданаш, нисбат додан лақабҳои нописанд ба ӯ, ба ҳайвонот ташбеҳ доданаш, таҳдидҳо ва дуъои бади хунчакон ва ғ...

Шаммае аз феҳристи нотамоми ибораҳои мамнуъ:
⛔️ • Худо ҷонатро бигирад!
⛔️ • Бефарзандам кунад!
⛔️ • Худо гумат кунад!
⛔️ • Нестат кунад!
⛔️ • Решаат хушк!
⛔️ • Риштаат қоқ!
⛔️ • Тухмат пок!
⛔️ • Рӯят сиёҳ!
⛔️ • Ҷавонмаргат бикушад!
⛔️ • Сарат дар хок (қабр)!
⛔️ • Саратро бихӯрӣ!
⛔️ • Зори сарат монад!
⛔️ • Барои чи Худо ту бесаводро (бадбахтро, шӯрапуштро ....) ба мо дод?
⛔️ • Ту барои мо мусибатӣ (дарди сарӣ, ангалӣ, сабаби шармандагиӣ ва ғ.).
⛔️ • Ту ҳеҷ ба ман монанд нестӣ!
⛔️ • Ту ба фалон кас монандӣ!
⛔️ • Ту ба тағоят монанд астӣ.
⛔️ • Ту аз паи тағоҳоят рафтаӣ.
⛔️ • Агар нахобӣ, гург (ҷин, шайтон, ҳайвон, гург, саг) меояду туро мехурад.
⛔️ • Агар сухани ман намешунавӣ, табибро мехонам, то биояду туро сӯзандармон занад.
⛔️ • Агар ором нанишинӣ, аз хона мераваму дигар барнамегардам ва ту бе падар (модар) мемонӣ.
⛔️ • Агар ин коратро бас накунӣ, ба ятимхона месупорамат.
⛔️ • Агар ин коратро бори дигар такрор кунӣ, аз хона бадарат мекунам.
⛔️ • Агар ин корро накунӣ, фарзанди ман нестӣ, ё дигар маро падар (модар) магӯ.
⛔️ • Агар фалон корро накунӣ, оқат мекунам!
⛔️ • Туро дигар дӯст намедорам (туро шум мебинам, худатро дар назарам шум кардӣ ва ғ.).
⛔️ • Бо ин хонданҳоят ва саводат ҳаргиз ба донишгоҳ дохил намешавӣ.
⛔️ • Чаро мисли бачаи ҳамсоя (бародарат, ҳамсинфат) намешавӣ?
⛔️ • Аз дасти ту хок (ҳеҷ кор, фоида) намеояд.
⛔️ • Ба ғайр аз зиён аз ту чизи дигар намерасад.
⛔️ • Мо дигар таҳаммули туро надорам.
⛔️ • Аз рангу рӯи чунин писар безорам.
⛔️ • Баъди ин корат, туро дигар чашми дидан надорам.
⛔️ • Бо ҳамин ақлат Худо говат халқ накард!
⛔️ • Мағзи хар хурдаӣ?!
⛔️ • Беақлтар ва бесаводтар аз ту касе нест!
⛔️ • Ҷои ту оғил аст ҳамроҳи говон.
⛔️ • Кори аз ҳама муносиб барои ту мусоркашӣ(боркашӣ, чӯпонӣ, хизматгорӣ)-ст.
⛔️ • Кошки фалонӣ фарзанди мо мебуд!
⛔️ • Фалонӣ аз ту беҳтар аст.
⛔️ • Ту одами нокомӣ!
⛔️ • Ҳеҷ либос туро намезебад.
⛔️ • Давраи ҷавоният аст, писарам, бихӯру бигарду духтарбозӣ (зино) кун, ки ҷавонӣ дуйумбора барнамегардад!
⛔️ • Кордзан (одамхур, одамкуш, бераҳм, бандит, хулиган) аст, писарам!
⛔️ • Ту фақат суханони маро иҷро кун, на ончи ки ман (аз корҳои хато) мекунам (мисли сигоркашӣ, шаробхорӣ, бенамозӣ, фиреб, дурӯғгӯӣ, дашномкунӣ ва ғ..).
🔸🔅🔹🔅🔸🔅🔹🔅🔸
📝 Сифатҳои мамнуъ:
⛔️ Паъат (мухаффафи падарлаънат), оқипадар, аҳмақ, аблаҳ, беақл, девона, бесавод, беҳунар, кӯрсавод, пурхӯр, бузургшикам (катаишканб, Қорӣ-Исмат), танбал, фарбеҳ, ғафс, хароб (лоғар), кӯтаҳқад (пакана), безеб, бадшакл, каҷдаҳан, уребчашм, гунг, кундзеҳн, кавдан, номард, буздил, ҳайвон, харбача, хар, гӯсола, гов, сагбача, саг, рӯсияҳ, шарманда, дузд, дурӯғгӯ ва ...
〰〰〰〰〰〰〰〰
✍️ Фирдавсии Нуралиён, 04.06.2017, мутобиқи 8-ми Рамазони 1438ҳ, Истанбул.
7
Ҳадиси "Ман шаҳри илм ҳастам Алӣ дари он аст".

Яке аз он ривоятҳое ки аҳли ташайюъ зиёд нашр мекунанду мардумро найранг карданӣ мешаванд, ҳамин ҳадиси «Шаҳри илм» аст.
Ва дар навиштор аз ду ҷиҳат ин ривоятро баррасӣ кардаву заъиф будани онро аз лиҳози санад ва ботил будани онро аз ҷиҳати маъно баён хоҳам кард. Ва ин навиштор мухтасари мақолаву рисолаҳоест бо забони арабӣ, ки тарҷума кардаам.
Ва дар умум барои дӯстони азиз тавсия мекунам китоби «Аҳодису яҳтаҷҷу биҳо аш-шиа»-и шайх Абдураҳмони Димашқиро ки бисёр муфид аст.

1. Аввалан:
Баррасии ин ривоят аз лиҳози санад:

1. Мадори санади ин ҳадис бар Абус-Салт ҳаст.
Ин аст, назари уламо ва аиммаи ҳадис дар бораи Абус-Салт:

а) Имом Ибни Ҳаббон дар "Маҷруҳин" (2/151) мегӯяд:
كل من حدث بهذا المتن فإنما سرقه من أبي الصلت هذا؛ وإن أقلب إسناده.
"Касе ки ин матнро ривоят кардааст, аз ҳамон Абус-Салт дуздидааст, агарчанде ки санадро дигар карда бошад".

б) Ибни Асокир дар "Торих"-аш (42/380) мегӯяд:
كل هذه الروايات غير محفوظة، وهذا الحديث يُعرف بأبي الصلت عبد السلام بن صالح الهروي.
"Тамоми ин ривоят (тариқҳои ин ҳадис) ғайримаҳфузанд, ва ин ҳадис маъруф аз номи АбуСалт Абдуссалом ибни Солеҳи ҳаравист".

в) Ҳайсамӣ дар "Маҷмаъуззавоид" (9/114) мегӯяд:
وقال الهيثمي في مجمع الزوائد (9/ 114): فيه عبد السلام بن صالح الهروي، وهو ضعيف.
"Дар ин ривоят Абдуссалом ибни Солеҳи Ҳаравӣ ҳаст, ва ӯ заъиф аст".

г) Имом Заҳабӣ дар "ТазкиратулҲуффоз" (4/1231) мегӯяд:
هذا الحديث غير صحيح، وأبو الصلت هو عبد السلام متهم.
"Ин ҳадис саҳеҳ нест, ва Абус-Салт ҳамон Абдуссалом аст, ки муттаҳам аст".

д) Ва дар охир каломи имом Аҳмадро меорам, ки мегӯяд:
فقال أحمد: قبح الله أبا الصلت، ذاك ذكر عن عبد الرزاق حديثا ليس له أصل.
"Аллоҳ қабиҳ кунад (хор кунад) Абус-Салтро, ҳамоне ҳаст, ки аз Абдураззоқ ҳадисе зикр мекунад ки асл надорад".
Нигар "Илал"-и Халлол (120).

2. Дар нуктаи аввал сухан дар бораи худи АбусСалт буд.
Ва дар нуктаи дуввум, дар бораи худи ин ҳадис, каломи имомони ҳадисро меорам:

а) Имом АбуЗуръаи Розӣ дар "Зуъафо" (1/519) мегӯяд:
كم من خلق قد افتضحوا فيه!
"Чӣ басо инсонҳо ба сабаби ин ҳадис шармандаву расво шудаанд".

б) Имом АбуҲотими Розӣ дар "Ҷарҳ" (8\22) мегӯяд:
إنه منكر.
"Мункар аст".

в) Суютӣ дар "Дурар" (38) ва Ъаҷлунӣ дар "Кашфул-хафо" (1/235) қавли АбуҲотими Розиро нақл мекунанд:
لا أصل له
"Асле надорад".

г) Ибни Ҳаббон дар "Маҷруҳин" (2/94) меорад:
هذا خبر لا أصل له عن النبي صلى الله عليه وسلم، ولا شريك حدّث به، ولا سلمة بن كهيل رواه، ولا الصنابحي أسنده، ولعل هذا الشيخ بلغه حديث أبي الصلت عن أبي معاوية فحفظه ثم أقلبه على شريك وحدّث بهذا الإسناد.
"Ин хабар асле надорад аз Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ва Шарик онро нагуфтааст, ва Салама ибни Куҳайл онро ривоят накардааст, ва на Санобаҳӣ онро муснад карда...".

д) Ъаҷлунӣ дар "Кашфул-хафо" (1/236), дар бораи тамоми ривоятҳои ин ҳадис гуфтааст:
"Воҳӣ аст (сусту заъиф аст)".

е) Ҳамчунин ин ҳадисро Имом Ибни Ҷавзӣ дар "Мавзуъот" (1/353 ва 355) меорад:
هذا حديث لا يصح من جميع الوجوه...
"Ин ҳадис саҳеҳ нест аз тамоми вуҷуҳ...".
Сипас иллатҳои туруқи ин ҳадисро зикр кардаву мегӯяд:
والحديث لا أصل له.
"Ва ин ҳадис асле надорад".


*) Ва Сироҷ ибни Алӣ ибни Умари Қазвинӣ дар тахриҷи ҳадисҳои "Мишкотулмасобиҳ" (3/1774 ва 1777) ин ҳадисро ҳукм кардааст, ки мавзуъ (бофта ҳаст).

*) Имом Нававӣ дар "Таҳзибул-Асмои вал-Луғот" (1/348) мегӯяд:
وأما الحديث المروي عن الصنابحي عن علي، قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم: "أنا دار الحكمة وعلي بابها"، وفي رواية: "أنا مدينة العلم وعلي بابها" فحديث باطل.
"Аммо ҳадисе ки аз Санобаҳӣ аз Алӣ ривоят шудааст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст: "Ман дорул-ҳикмат ҳастаму Алӣ дари он аст", ва дар ривояте "Ман шаҳри илм ҳастаму Алӣ дари он аст", ин ҳадиси ботил аст".

*) Имом ибни Дақиқи Ъид дар "Шарҳул-Илмом" мегӯяд:
الحديث لم يُثبتوه، وقيل إنه باطل، وقال الترمذي: حديث منكر.
"Ин ҳадисро исбот (қабул) накардаанд, гӯянд ки ботил аст, ва Тирмизӣ гуфтааст: Ҳадиси мункар аст".

*) ШайхулИслом АбдулҲалим Ибни Таймия дар "Минҳоҷус-сунна" (7/515-522), ва "Маҷмуъул-фатово" (4/410) мегӯяд:
 إنما يُعد في الموضوعات.
"Ин ҳадис аз ривоятҳои сохташуда (дурӯғ) ҳисобида мешавад".
Ва муаррихи Ислом, имом Заҳабӣ ин ҳукми ШайхулИсломро дар «Мунтақо минал-Минҳоҷ» таъйид кардааст.

*) Ва худи имом Заҳабӣ дар "Торихи Ислом" (18/268) мегӯяд: 
الحديث موضوع، ما رواه الأعمش.
"Ин ҳадис сохташуда ҳаст, ва Аъмаш онро ривоят накардааст".
Ва дар "Талхисул-Мавзуъот" (256) мегӯяд:
هذا الحديث شُبِّه لبعض المحدّثين السُّذَّج؛ فإنه موضوع، وله طرق كثيرة.. وجميع طرقه مطعون فيها.
"Ин ҳадис бар баъзе аз муҳадисини содда мубҳам шуд, ва мавзуъ (сохташуда) ҳаст. Ва ин ҳадис туруқи ривояти зиёд дорад, ва тамоми туруқи он матъун аст (айбе дорад)".

*) Ҳайсамӣ дар "Маҷмаъуз-завоид" (9/114) мегӯяд:
فيه عبد السلام بن صالح الهروي، وهو ضعيف.
"Дар санади ин ҳадис Абдуссалом ибни Солиҳи Ҳаравӣ (АбусСалт) ҳаст, ва ӯ заъиф мебошад".

*) Муҳаддиси ҳинд Шоҳ Абдулазиз фарзанди Валийюллоҳи деҳлавӣ дар "Туҳфатул-исноашария", ки бо забони форсист мегӯяд:
اين خبر نيز مطعون است قال يحيي ابن لا اصل له و قال البخاري انه منكر و ليس له وجه صحيح و قال الترمذي انه منكر غريب و ذكره ابن الجوزي في الموضوعات و قال الشيخ تقي الدين ابن دقيق العيد هذا الحديث لم يثبتوه و قال الشيخ محي الدين النووي و الحافظ شمس الدين الذهبي و الشيخ شمس الدين الجزري انه موضوع
"Ин хабар (хабари панҷум аз Ҷобир, ривояти "Шаҳри илм") низ матъун аст...".
Ва сипас каломи аҳли илмро дар ҳукми ин ҳадис меорад, аз ҷумла Имом Бухориву Ибни Маъин ва Тирмизӣ ва Ибни Ҷавзӣ ва Нававиву Заҳабӣ ва ғайраҳо...
Ва баъдан дар мавриди истидлоли шиъа барои имомати Алӣ бо чунин ривояти сохта, мисоле навкари подшоҳро мезанад, ки подшоҳ ин навкарро рондааст ва мақбули даргоҳи шоҳӣ нест, ва муъомила бо ин навкар ба гумону боварии онки навкари шоҳ аст, ҳамоқат аст:
اين ساده لوح نزد عقلا در كمال مرتبه سفاهت خواهد بود.
"Ин содалавҳ назди уқало дар камоли мартабаи сафоҳат хоҳад буд".

Ва дар охир қоидаи азимеро баён мекунад:
اگر روايات اهل سنت را اعتباري است در هر جا اعتبار بايد كرد و الا قصد الزام ايشان نبايد نمود كه بيك روايت لازم نمي خورند.
"Агар ривоёти аҳли суннатро эътиборе ҳаст, дар ҳарҷо эътибор бояд кард, ва илло қасди илзомашон набояд намуд, ки ба як ривоят лозим намехӯранд".

*) Ва ҳамчунин аллома Муъалламӣ дар "Ҳошиятул-Фавоидил-Маҷмуъа" (349), ва Абдулазиз ибни Боз дар "ат-Туҳфатул-карима" (19), ва имом Албонӣ дар "Силсилаи заъифа" (2955), ва АбдулҚодир Арноут дар тахриҷоти "Ҷомиъул-усул" (8/657) ин ривоятро радд кардаанд. Ва шайх Халифа Каворӣ баҳси алоҳидае дар тахриҷи ин ҳадис навиштааст, ки бисёр муфид аст.

2. Сониян:
Баррасии ин ривоят аз лиҳози матн ва маъно.
АбуБакр ибни ал-Арабии моликӣ гӯяд:
.هُوَ حَدِيثٌ بَاطِلٌ، النَّبِيُّ - صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ - مَدِينَةُ عِلْمٍ وَأَبْوَابُهَا أَصْحَابُهَا؛ وَمِنْهُمْ الْبَابُ الْمُنْفَسِحُ، وَمِنْهُمْ الْمُتَوَسِّطُ عَلَى قَدْرِ مَنَازِلِهِمْ فِي الْعُلُومِ
"Ҳадиси ботил аст, зеро ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) шаҳри илм асту дарҳои он ёронаш ҳастанд (дар маҷмуъ); баъзе аз онҳо дарест кушоду фарох, ва баъзеи он миёна ҳаст ба қадри мартабаашон дар улум". (Аҳкомул-Қуръон, 3/86).
Ва Шайхул-Ислом ибни Таймия гӯяд:
وَالْكَذِبُ يُعْرَفُ مِنْ نَفْسِ مَتْنِهِ ؛ لَا يَحْتَاجُ إلَى النَّظَرِ فِي إسْنَادِهِ : فَإِنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ إذَا كَانَ مَدِينَةَ الْعِلْمِ ، لَمْ يَكُنْ لِهَذِهِ الْمَدِينَةِ إلَّا بَابٌ وَاحِدٌ ، وَلَا يَجُوزُ أَنْ يَكُونَ الْمُبَلِّغُ عَنْهُ وَاحِدًا ؛ بَلْ يَجِبُ أَنْ يَكُونَ الْمُبَلِّغُ عَنْهُ أَهْلَ التَّوَاتُرِ الَّذِينَ يَحْصُلُ الْعِلْمُ بِخَبَرِهِمْ لِلْغَائِبِ ، وَرِوَايَةُ الْوَاحِدِ لَا تُفِيدُ الْعِلْمَ إلَّا مَعَ قَرَائِنَ ، وَتِلْكَ الْقَرَائِنُ إمَّا أَنْ تَكُونَ مُنْتَفِيَةً ، وَإِمَّا أَنْ تَكُونَ خَفِيَّةً عَنْ كَثِيرٍ مِنْ النَّاسِ ، أَوْ أَكْثَرِهِمْ ؛ فَلَا يَحْصُلُ لَهُمْ الْعِلْمُ بِالْقُرْآنِ وَالسُّنَّةِ الْمُتَوَاتِرَةِ ؛ بِخِلَافِ النَّقْلِ الْمُتَوَاتِرِ: الَّذِي يَحْصُلُ بِهِ الْعِلْمُ لِلْخَاصِّ وَالْعَامِّ.
وَهَذَا الْحَدِيثُ إنَّمَا افْتَرَاهُ زِنْدِيقٌ أَوْ جَاهِلٌ: ظَنَّهُ مَدْحًا؛ وَهُوَ مُطْرِقُ الزَّنَادِقَةِ إلَى الْقَدْحِ فِي عِلْمِ الدِّينِ - إذْ لَمْ يُبَلِّغْهُ إلَّا وَاحِدٌ مِنْ الصَّحَابَةِ .
ثُمَّ إنَّ هَذَا خِلَافُ الْمَعْلُومِ بِالتَّوَاتُرِ؛ فَإِنَّ جَمِيعَ مَدَائِنِ الْمُسْلِمِينَ : بَلَغَهُمْ الْعِلْمُ عَنْ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ مِنْ غَيْرِ طَرِيقِ عَلِيٍّ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ.
"Дурӯғ будани ин ривоят аз ҳамон матнаш ҳувайдост, ва ҳоҷате нест ба назар кардан ба санади он.
Зеро ки агар Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шаҳри илм бошад, чунин нест, ки ин шаҳр танҳо як дарвоза дошта бошад, ва ҷоиз нест ки мубаллиғ аз ҷониби Паёмбар танҳо як нафар бошад (дар ин сурат амри ислом табоҳ мешавад).
Балки воҷиб аст, ки мубаллиғон аҳли тавотур (силсилае аз мубаллиғон бо адади зиёд) бошанд, токи илму хабар ба василаи эшон ба афроди ғоиб ҳам бирасад...
Ин ҳадис бофтаи шахсе зиндиқу ҷоҳил аст, ки гумон кардааст мадҳу санои Алӣ ҳаст, ва ҳамин аст равиши занодиқа дар таън бар ахбори дини Ислом! Зеро ки мунтаҳои ин ривоят ин аст, ки фақат як нафар ин динро таблиғ кардааст!
Илова бар ин, ин иддаъо (яъне иддаъои онки дарвозаи илм танҳо Алӣ ҳаст) бар хилофи  он чизе ҳаст, ки бо тавотур собит шудааст. Зеро ки аксари сарзаминҳои исломӣ дини муҳаммадиро аз тариқи афроде ғайри тариқи Алӣ (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) гирифтаанд".
(Маҷмуъул-фатово, 4/410-411, Минҳоҷус-Сунна, фасли 159).

Тарҷума ва таҳияи:
АбуМарям Раҷабӣ
10.04.2016
8
МАСЪАЛАҲОИ ФИҚҲӢ / Барои тоҷирону дӯкондорон
« Посухи охирон аз Муҳаммадазиз Раҷабӣ Май 30, 2017, 03:20:39 п.н. »
Барои тоҷирону дӯкондорон.

Дар мағозаву дӯконҳо як навишторе ҳаст:
"Бори фурӯхташуда баргардонида намешавад".
Вале бубин бародари азиз, ки Расулуллоҳ (алайҳис-салом) чӣ мефармояд:
من أقال مسلما أقال الله عثرته يوم القيامة.
"Ҳар шахсе ки як мусалмонеро (дар хариду фурӯшаш) ҳаққи фасх медиҳад, Аллоҳ хатогиҳои ӯро дар рӯзи қиёмат гузашт мекунад". (АбуДовуд 3460, Ибни Моҷа 2199, Ибни Ҳаббон 5030).
Инро дар шариъат ИҚОЛА мегӯянд, бекор кардани ақд.
Яъне тарафҳо ҳақ доранд ки аз ақди кардаи худ баргарданд ва он доду гирифтро бекор кунанд, бидуни ҳеҷ зиёдат ва ё нуқсоне.
Ва ин аз ҳуқуқи мусалмон бар бародари мусалмонаш аст, ва аз ҷумлаи ахлоқи некӯст, ва муқтазои ухуввати имонист.
[мухтасар аз Мулаххаси Фиқҳӣ, Фавзон].
АбуМарям Раҷабӣ
01.04.2016
9
Дар бораи Холид ибни Валид (1).

Паёмбар (алайҳис-салом) баъди Умратул-қазо ӯро суроғ кард!
Бародараш Валид ибни Валид, ба Холид мактуб менависад, ки Паёмбар исломи ӯро таманно дорад:
"لو جاء خالد بن الوليد لقدّمناه".
"Агар Холид (назди мо) меомад, ӯро муқаддам медоштем (бар дигарон тарҷиҳ медодем)".
Хушо ба ҳолат эй ёри ҷонфидои Расулуллоҳ, ки Ӯ (алайҳиссалом) худ туро суроғ мекунад!
Исломи туро таманно дорад!
Чӣ қадр саъодати азиме насибат гашта!...
___
21.03.2016

Дар бораи Холид ибни Валид (2).
Паёмбар (алайҳис-салоту вас-салом) дар Макка дар Умратул-қазо аз Валид ибни Валид суол кард:
"Куҷост (бародарат) Холид?".
Валид гуфт:
(يأتي به الله).
(Аллоҳ ӯро хоҳад овард)!

Бале, баъди ин қадар мухолифат ва саркашӣ, ва душманӣ бо ҳақ, Аллоҳи мутаъол Холидро хоҳад овард.
Саъодат ва фазилати суҳбат, ва ёри Расул буданро барояш арзонӣ медорад!
Чӣ қадр неъмати азим аст, ин неъмати ҳидоят ва тавфиқ!

Сипас Паёмбар ба Валид фармуд:
«ما مثله يجهل الإسلام، ولو كان يجعل نكايته مع المسلمين على المشركين كان خيراً له، ولقدمناه على غيره».
"Инсоне мисли Холид, ғофил аз ҳақиқати ислом нест. Агар чирагиву ғалабаҳояшро барои муслимин бар зидди мушрикин мекард, барояш беҳтар буд!
Мо ҳатман ӯро бар дигарон муқаддам медоштем".
___
21.03.2016

Дар бораи Холид ибни Валид (3).
Баъд аз онки Паёмбар (алайҳис-салоту вас-салом) дар бораи Холид он суханонашро фармуд, Валид ибни Валид бародарашро ҷустуҷӯй кард, вале пайдо карда натавонист.
Номае барояш гузошту рафт!
Аҷаб номаест!
Номае ки ҳар қалби зиндаеро ҳатман ба ларза меорад!
Паёмест, ки ҳеҷ гоҳ кӯҳнаву қадима намешавад!
Паёмест барои ғанимати умрҳои барбод рафта...

(بسم الله الرحمن الرحيم أما بعد...
فأني لم أرى أعجب من ذهاب رأيك عن الإسلام وعقلك، ومثل الإسلام لا يجهله أحد؟!...
وقد سألني عنك رسول الله، فقال أين خالد - وذكر قول النبي -صلى الله عليه وسلم- فيه -
ثم قال له: فاستدرك يا أخي ما فاتك فيه، فقد فاتتك مواطن صالحة).

(БисмиллоҳирРаҳмонирРаҳим, аммо баъд:
Ҳеҷ чизе аҷибтар аз ин надидам, ки фикру назар ва ақли ту аз чизе мисли Ислом ғофил монда бошад.
Дар ҳоле ки ин Исломро ҳеҷ касе имкон надорад, ки надонад!
Паёмбар (алайҳис-салоту вас-салом) дар бораи ту аз ман пурсиду гуфт: Холид куҷост?...
Сипас Валид ба бародараш Холид гуфт:
Бародарам, ончӣ ки аз додӣ ислоҳу ҷуброн бикун!
Чизҳо (корзорҳои) накӯеро аз даст додӣ)!

Бале, имрӯз низ Ислому Рисолати муҳаммадӣ ба касе пӯшида нест, вале аҷаб дорам аз ақлу назари мардумоне, ки чаро аз он ғофиланд!
Ё ки чаро тоифае аз "корзорҳо" маҳруманду коре намекунанд (баҳри наҷоти хеш).
Аҷаб паёмест ин:
(Бародарам, ончӣ ки аз додӣ ислоҳу ҷуброн бикун!
Корзорҳои накӯеро аз даст додӣ!).

Коре барои наҷоту саъодати хеш анҷом деҳ!
Аз неъмати суҳбат ва ёрии Паёмбар маҳрум намонӣ!
Талош кун, то чизе ба даст биёрӣ...
___
21.03.2016

10
Фоидае дар бораи тартиби бобҳои Саҳеҳи имом Бухорӣ!
فائدة في ترتيب الكتب و الأبواب في صحيح البخاري!

Имом Бухорӣ китоби худро бо "Китоби оғози ваҳй" сар кардааст, ва баъдан "Китоби имон", ва баъди он "Китоби илм" аст,..
Бо китоби "ваҳй" оғоз карданаш худ як ишораи азим аст.
Ишора аст ба онки аҳодиси набавӣ ваҳй аз ҷониби Худованд аст! Ишора ҳаст ба аҳаммияти аҳодис ва аҳаммияти суннат ва ин китоб.

Аввалин ҳадис дар Китоби ваҳй "Ҳадиси чигунагии нузули вайҳ бар Паёмбар" аст.
Ва охирин ҳадис, "Қиссаи Ҳерақл бо Абусуфён" мебошад, ки чӣ тавр ҳақиқати ваҳйи осмониро дарк карда буд, вале ба хотири мулку мақому мансаб ҳақро (паёми осмониро) напазируфт.

Ва китоби навбатӣ "Китоби имон" аст, ки ишора аст ба аҳаммияти имон ва инки имон дар сари тамоми масоили дигар аст.
Бидуни имон, чизе маъно надорад!

Ва аввалин ҳадис дар Китоби Имон "Ҳадиси аркони ислом" мебошад!
Ишора ба он аст, ки ҳақиқати Имон ҳамон аркони "амалӣ"-и ислом асту бидуни он аркон имоне нахоҳад буд!
Бидуни намозу рӯзаву закоту ҳаҷ, имоне нест!
Имон танҳо маърифат ва шинохт нест, балки эътиқод ва қавлу амал аст!

Ва охирин ҳадис дар Китоби Имон "Ҳадиси насиҳат" мебошад!
Ишора ҳаст ба инки имом Бухорӣ баҳри насиҳат ва хайрхоҳӣ ва адои масъулият ин саҳеҳро ҷамъоварӣ карда.
Ишора ҳаст, ба инки муъмин бояд носеҳу хайрхоҳ бошад!

Ва сипас Китоби Илм аст, ки бо "Боби фазли илм" оғоз мешавад, ки албатта ишорааш возеҳ аст.
Бидуни илму дониш чизе дуруст нахоҳад шуд!
Ва аҳли илм фазилату мақоми волое доранд дар назди Худованд, ба хотири он илму донише ки андӯхтаанд. Ва ба хотири он хайре салоҳе ки ба мардум тақдим мекунанд.

Баъдан имом Бухорӣ мегузарад ба "Китоби вузуъ" ва "Китоби ғусл" ва ғайра аз ин масоил ки аз Ибодот аст, ва сипас фиқҳи Муъомалот, ва ҳамин тавр мавзуъҳои дигаре...

Боракаллоҳу фикум!
АбуМарям Раҷабӣ.
10.03.2016
Сафҳа: [1] 2 3 4