Сабти ном
 
Имом Молик (раҳматуллоҳи алайҳ) гуфта аст:
السنة سفينة نوح من ركبها نجا ومن تخلف عنها غرق
Суннат - киштии Нӯҳ аст, ҳар кӣ бар он савор шавад, наҷот ёбад. Ва ҳар кӣ аз он бозпас монад, ғарқа гардад.

Мансур Ҳошимии Хуросонӣ ва китобаш "БОЗГАШТ БА ИСЛОМ".
Хонда шуд 264 бор
Май 30, 2017, 02:41:09 п.н.
Ҷавоби аввал ба пайравони Мансур Ҳошимии Хуросонӣ ва китобаш "БОЗГАШТ БА ИСЛОМ".

Муқаддима
Метавонистам бо овардани танҳо чанд иқтибосе чӣ будани ин китобро баён кунам, ва ин мавзӯъро ба охир расонам, зеро ки мақсаду мароми муаллиф дар чанд ҷое аз китоб ошкору возеҳ баён шудааст ва ҳоҷате ба шарҳу баён ва посух додан ҳам надорад. Вале пайравони ин китоб (пайравони Мансури Хуросонӣ) шубуҳоти бисёреро матраҳ мекунанд, ва ҳадафҳои худро таҳти масъалаҳои муҳим ва даъвоҳои ҷаззобе ҷой кардаанд, ки барои бисёре аз хонандагон пӯшида мемонад.
Лизо воҷиб аст, ки баъзе нуктаҳои муҳимро низ посух дода шавад. Агарчанде хулосаву натиҷа (ва меваи афкори) ин ҷамоъат ошкор аст барои ҳар нафаре ки аз масоили шаръӣ хабар дошта бошад.

Ва ин ҷавоби аввали банда ҳаст, ки дар панҷ нукта хоҳад буд иншоаллоҳ!

(1)
Санад аз дин аст!

Яке аз шубуҳоти ин ҷамоъат он аст, ки чаро масъалаи маҷҳул ва гумном будани Мансури Ҳошимии Хуросониро матраҳ мекунед.
Мегӯянд: Бубин чӣ мегӯяд ва набин кӣ мегӯяд!

Ҷавоби мо бар ин шубҳа:
Аввалан:
Интиқоди мо аслан ба матолибе ҳаст ки дар китобатон омадааст, ва ҳеҷ вақт шахсияти худи муаллифро қазияи аслӣ ва асосӣ қарор надодаем. Балки масъалаи кӣ будани муаллиф ва шинохти ӯ фаръест, ки матраҳ мешавад.
Пас эътирози шумо ва муболағаи худи шумо дар ин маврид, ҳикояти дузд ва пари мурғро мемонад!
Ва масали арабӣ ҳаст, ки: Кода-л-мурибу ан яқула хузунӣ...
Ин худи шумо ҳастед ки ин масъаларо бузург кардаву муболаға мекунед, пас маълум мешавад ки таги коса нимкосае ҳаст!

Ва сониян:
Агар барои шумо пайравони Ҳошимии Хуросонӣ шинохту маърифати соҳиби китобе ва ё муассиси ҷараёне муҳим набошад, пас ин мушкили шумо ҳаст, на мушкили инсонҳои оқил.
Зеро ки назди инсонҳои оқил амри санад (шинохти соҳиби фикре ва сухане, ва ноқили хабаре) муҳим аст.
Зеро «Агар санад намебуд, ҳар касе мехост ҳарчӣ мехост мегуфт!».
Ва Муҳаммади ибни Сирин гуфта:
«Ин илму дониш дин аст, пас шумо бубинед, аз кӣ дин мегиред!»
Ва шумо пайравони Хуросонӣ, ки дар китобатон ин қадар ақлу ақлониятро ситоиш кардаед, чаро оқилона намеандешед, ки ҳар нафаре агар биёяд ва дар ҳар фанну илме чизе бигӯяд ва китобе нашр кунад, ҳатман аҳли тахассус ва аҳли он фанн суол мекунанд ки соҳиби ин сухан кисту чӣ хабаре дорад...
Ва ин суол кардан аз шахсияти муаллиф ва муъаррифии соҳиби сухан, аз бадиҳиёт аст, ки ҳеҷ касе эътироз намекунад.
Вале барои шумо пайравони маҷҳули Мансури Хуросонӣ ҷоиз аст, ки эътироз кунед ва ҷоиз аст ки таҳти номҳои мустаъор дар интернет ҷавонони мусалмонро найранг кунед!?
Ин устоди шумо «аллома» Мансури Хуросонӣ шогирди кадом олиме аз уламои дин буда, ва дӯсту рафиқи кадом донишмандон аст, ва шарикдарси кадом олимҳо будааст, ва чӣ таъриху саргузаште дорад, ва ахлоқу ибодат ва муносибати ӯ бо мардум чӣ гуна буда?!
Дар чӣ муҳите тарбият дидаву ба воя расидааст ин Хуросонӣ?!

Ин суолҳоро агар шумо ҷавобе надоред ва намехоҳед посух диҳед, ин ихтиёри шумост, вале ҳар ҷавони оқиле ки мағзу рӯҳу равони худро ва зеҳну ақли худро эҳтиром мекунад, қабл аз бовар кардан ба шумо, бояд аз худаш суол кунад, ки чӣ китобе мехонад ва аз куҷо маълумот мегирад ва дин меомӯзад!...

(2)
На шиъа на суннӣ?

Найранги дигаре ки пайравони Хуросонӣ мекунанд ин аст, ки мегӯянд:
«Эшон ҳамон тавр ки дар китоби худ тасриҳ фармуда ва аз андешаҳояш ошкор аст, мусалмонӣ ҳаниф шумурда мешавад ва як шиъа ё суннӣ ба маъное ки мавриди назари шумост нест.»

Аввалан:
Шумо чунин як найранге мекунед ки "мусалмони ҳаниф" ҳастед ва бо ҳамин иддиъои худ (мусалмон будан) иктифо доред. Вале дар ҳақиқат чунин иддиъо дигар кофӣ нест!
"Мусалмони ҳаниф" будан як васфи мутлақ ва сухани ъоме ҳаст, ки ҳар касе метавонад даъво кунад, чӣ тавре ки имрӯз ҳар бидъаткоре метавонад иддиъои ҳақиқат ва ҳидоят кунад.
Иддае даъвои ҷиҳоду пайкор доранд, ва иддае даъвои муҳаббати аҳли байт ва иддае даъвои салафият ва иддае мисли шумо даъвои ҳанифият ва таҳқиқу дониш...
Ба ҳамин хотир иддаъои муҷаррад кофӣ нест, то замоне ки бо амал ва бо тафсил мазҳабу маслаки шумо ва марому мақсади шумо ошкор шавад.
Ва банда дар силсилаи «Ҳазору як ишорат» ин мавзӯъро ишора хоҳам кард таҳти унвони «Тафсилу тамйиз» иншоаллоҳ.

Ва сониян:
Шумо мегӯед, ки Мансури Ҳошимии Хуросонӣ шиъа нест!

Ва ҷавоби ин найрангатон ин аст, ки Алӣ (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) фармудааст:
«Ҳеҷ касе, чизеро пинҳон накард, магар инки дар фалатоти забонаш ва сафаҳоти чеҳрааш намудор мешавад».(Наҳҷул-балоға, ҷ. 2 саҳ. 148).
Шумо агарчанде ки пинҳон мекунед, вале дар китоби БОЗГАШТ БА ИСЛОМ хулосаи мазҳаби ташайюъ шарҳу баён шудааст - ҳамон ақидаи имомат ва исмат ва маҳдавият, ва ҳамон тавҳину ташвиҳи саҳоба ва салафи уммат...
Пас чӣ тавр шумо шарм накардаву мегӯед, ки мусалмони ҳанифе ҳастеду шиъа нестед?!
Магар мусалмони ҳаниф ақидаи ботили "имомат" ва "исмат"-ро қабул мекунад?!
Магар мусалмони ҳаниф ёрони Паёмбарро ғосиби хилофат мегӯяд?
Чӣ гуна ҳанифед шумо?
Мо мардуми тоҷик кайҳо ин таҷрибаро дорем бо баъзе нашркунандагони мазҳаби шиъа дар Тоҷикистон, ки худро файласуфу пайрави ҳикмат мехонад. Вале дар ҳақиқат ҳама саъю талоши ӯ нашри суханони Хумайнӣ ва Хоманаӣ ва Мутаҳҳариву амсоли инҳост. Дар бораи Фотимаву Ҳусайн ва Алӣ менависад (ба ҳадде расида ки мегӯяд, агар Ҳусайн намебуд ин дин бароям писанд намешуд), вале дар бораи Оиша ҳамсари Паёмбар ва АбуБакр ва Умару Усмон, ки аз Аливу Ҳусайн афзалтаранд чизе наменависад...
Ин "файласуф" ҳам мисли Хуросонии шумо мегӯяд, ки шиъа нест!

(3)
Суннӣ будан воҷиб ва ҳатмист!

Нуктаи дигаре ки бояд шарҳ диҳам, ин аст ки шумо аз суннӣ будан гӯё ки худдорӣ мекунед! Ва мегӯед ки на суннӣ ҳастед на шиъӣ.
Ҳаққу ботилро радифи ҳам қарор медиҳед!
Ва ҳамин худаш кофӣ ҳаст барои исботи гумроҳӣ ва залолати шумо!
Зеро ки суннӣ будан воҷиб аст ва ҳатмист барои наҷоту саъодат дар дунёву охират.
Ва суннат дар радифи ташайюъ набояд гузошта шавад, ҷоиз нест ки мазҳаби ҳақро ва аслро бо як мазҳаби ботил ва инҳирофе ки баъдан ба вуҷуд омадааст бо ҳам зикр кардаву ҳардуро радифи ҳам гузошт...
Ин ташайюъ мисли дигар фирқаҳои мунҳариф мисли хавориҷ ва қадарияву муътазила ва ҷаҳмия, халофи он дине ҳастанд ки Паёмбар оварда буд (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод).
Хилофи он аслу асос ҳастанд, ки баъдан ба вуҷуд омадаанд...
Пас чӣ тавр шумо аз суннӣ будан худдорӣ мекунед?!

Мутаассифона ин гуна ибороти муҷмал (на шиъаям на суннӣ) имрӯзҳо миёни мардум нашр мешавад, вале аксари мардум хатари ин гуна иборот ва бутлони онро эҳсос намекунанд.
Ва ҳатто абёте аз Ҷомӣ (раҳимаҳуллоҳ) машҳур аст:
Сад шукр, ки харшиъаву сагсуннӣ наям

Ин мисраҳо сухани ботил асту ҳеҷ гоҳ пазируфтанӣ нест аз Ҷомӣ, ва ҳақиқати ҳоли худи Ҷомӣ хилофӣ ин сухан асту худи ӯ суннӣ буда ва суннии ба истилоҳи имрӯз мутаъаассиб буда, ки шиъаёнро мазаммат кардаву ба хунаш ташна буданд...

Ҳофиз Ибни Раҷаби Ҳанбалӣ (ваф. 795 ҳ., соҳиби китоби: Ҷомиъул-улуми вал ҳикам) гуфта:
«Аиммаи мо бо калимаи «Суннат» роҳу равиши Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ва ёронашро дар назар доштаанд, ки роҳи холӣ аз шубуҳот ва шаҳавот аст. Ва баъдан бо калимаи «Суннат» эътиқоди саҳеҳро дар назар медоштанд, ки орӣ аз хурофот аст дар масъалаи имон ба Аллоҳ, малоик, китобҳо, паёмбарон, рӯзи Қиёмат, ва тақдир. Ва низ дар масъалаи қадру манзалати ёрони Паёмбар (разияллоҳу анҳум аҷмаъин), ва ғайраҳо.
Ва китобу рисолаҳо дар ин мавзӯъ «Суннат» номгузорӣ шуд. Ва сабаби чунин ном гирифтани ин илм, аҳамияти он буд. Ва ҳар касе, ки бо ончӣ ки дар ин китобҳо омадааст мухолифат намояд, ӯ худро ба ҳалокат андохтааст».
(ниг. Кушфул-курба фи васфи аҳлил-ғурба 7).

Ва исломи дуруст – ҳамон исломест, ки мувофиқ бо Суннат бошад, ва аз ин лиҳоз имоми аҳли суннат, имом ал-Барбаҳорӣ (ваф. 329 ҳиҷрӣ) гуфтааст:
«Бидонед, ки Ислом ин Суннат аст, ва Суннат ин Ислом аст, ва ин дуто бидуни ҳамдигар буда наметавонанд».
(ниг. Шарҳус-Сунна, 34).
Барои тафсили бештаре дар шарҳи истилоҳи «суннат» ва «ҷамоъат», нигаред:
https://isloh.wordpress.com/2013/11/25/sunnah-and-jamaa/

(4)
Ақлгароҳои беақл!

Даъвои дигари пайравони Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ин аст, ки гӯё дар бораи шиъа низ чизе гуфтааст ва аз шиъаён низ интиқод кардааст!

Ҷавоби ин шубҳа:
Агарчанде устоди шумо дар бораи инҳирофот ва ғалатҳову залолатҳои мазҳаби шиъа чизе гуфтааст (ва бояд ҳам мегуфт, зеро ки ҳар оқил бояд ин мазҳаби хурофотиро радд кунад), вале дар ҳақиқат китоби ин устодатон хулосаву зубдаи мазҳаби ташайюъ аст!
Шумо киро мехоҳед найранг кунед?!
Ончӣ ки шиъа муътақид аст, аз имомат ва исмат (ки инҳо аслу асоси мазҳаби шиъа мебошанд), ҳамин устоди шумо пардапӯшона шарҳаш медиҳад.
Ончӣ ки шиъаён дар бораи ёрони Паёмбар эътиқод доранд (аз ғасби хилофат) ва бадзабонӣ мекунанд, ин устоди шумо «бо нармӣ ва муаддаб» шарҳаш медиҳад.
Пас хулоса чӣ шуд?!

(5)
Душманӣ бо ёрони Муҳаммад расвоист!

Ман метавонистам ки бо овардани як иқтибос ба ин пайравони Мансур Ҳошимии Хуросонӣ посух гӯям ва баҳсро хотима диҳам, вале чӣ тавре ки гуфтам ноилоҷ бояд баъзе шубҳаҳоро ҷавоб диҳам.
Ба ҳамин хотир чанд нуктаи қаблиро навиштам барои ҷавоби он шубуҳот, ва инак ин иқтибос аз китоби он "аллома"-и "мусалмони ҳаниф" дар бораи ёрони Паёмбар!
Дар сафҳаи 277-278 нусхаи криллии китоби БОЗГАШТ БА ИСЛОМ мегӯяд:

«Ҳосил онки ба таври қатъ, Алӣ, Ҳасан ва Ҳусейн, се халифа аз дувоздаҳ халифаи Паёмбар ҳастанд ва пас аз Ҳусейн, нӯҳ нафар аз фарзандони ӯ, яке паси дигарӣ бинобар қоъидаи <<Фарзандоне ки бархӣ аз бархӣ дигаранд>>, халифаи Паёмбар шумурда мешаванд ва ин муқтазои китоби Худованд ва ахбори мутавотири Паёмбар аст, бе онки мусталзими беэҳтироми ба касоне аз асҳоби Паёмбар бошад ки пас аз он Ҳазрат ба ҳукумат даст ёфтанд; Зеро савобиқи некуӣ онон дар Ислом, муҷиби гумони неку ба онон аст ва гумони неку ба онон ин аст ки аз ин ҳақиқат огоҳӣ надоштанд ё онро фаромуш карданд ва агар воқеъият хилофи ин бошад низ онон масъули кори хешанд ва дигарон масъули кори хешанд ва муслмонони пасин аз коре ки мусалмонони пешин карданд, бозхост намешаванд;»

Ин иқтибосе ки аз китоби Мансури Ҳошимӣ овардам бо вузуҳ баёнгари эътиқоди ӯ ҳаст! Ақидаи ӯ дар бораи "имомат" ва ақидаи ӯ дар бораи чӣ тавр "хилофатро аз аҳли байт гирифтан"-и ёрони Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод).
Ва ин Ҳошимии маккор бо як найранги аҷибе хулоса мекунад, ки мо нисбати саҳоба гумони нек бояд кунем, шояд хабар надоштанд ва ё инки фаромӯш кардаанд аҳди Паёмбарро!
Ва ахиран мегӯяд, ки агар чунин набошад ҳам (яъне ғасб карданду аз сабаби бехабариву фаромушӣ набуд), пас ба ҳар ҳол худашон ҷавоб медиҳанд назди Аллоҳ ва мо ҷавоби «гуноҳ»-и онҳоро намедиҳем.
Ин аст бародарони азиз "аллома" Мансур Ҳошимии Хуросонӣ!
Ва ҳамин як иқтибос аз китобаш (дар таъну тавҳини саҳоба) кофӣ ҳаст барои расвоияш!

Хотима
Ин ҷавоби аввали банда буд ба баъзе аз шубуҳот ва залолатҳои ин ҷамоъат ва ин китоби пур аз макру ҳила ки саропо истидлолоти ғалат ва найрангу талбис аст...
Ва умедворам ки барои муддате кофӣ бошад ин мақола, токи рӯзе ба тафсил шубуҳоти дигари ин китобро нукта ба нукта посух диҳам.

Боракаллоҳу фикум, вас-салому алайкум ва раҳматуллоҳ!
Муҳаммадазиз Раҷабӣ
28.02.2017


Записан