Сабти ном
 
Имом Молик (раҳматуллоҳи алайҳ) гуфта аст:
السنة سفينة نوح من ركبها نجا ومن تخلف عنها غرق
Суннат - киштии Нӯҳ аст, ҳар кӣ бар он савор шавад, наҷот ёбад. Ва ҳар кӣ аз он бозпас монад, ғарқа гардад.

Таънаи шоъир ба аҳли намоз
Хонда шуд 132 бор
Май 30, 2017, 02:47:37 п.н.

Бар масҷид агар омадаӣ, нек назар кун,
Аз рӯи риё ин ҳама дар ҳоли суҷуданд.
Дар партави мардони хирад бош, ки зеро,
Онҳо ба яқин лоиқи таҳсину дуруданд.

Посух:
Бар аҳли намоз таъна задан, шури наве нест,
Қабл аз ту ҳазорон, чунин нағма суруданд.
Гар аҳли масоҷид, риё маслакашон буд,
Дар субҳу шабон рӯй ба масҷид набуданд!
Мардон ки "кананд банди шаётин саҳаргоҳ",
Инҳо ба яқин лоиқи таҳсину дуруданд.
Ин зулм, ки бар "аҳли риё" рӯзу шабон аст,
Кам буд магар, ки шуъаро нағма суруданд?!
Илму хирад аз масҷиду меҳроб биёяд,
Мардони хирад, назди ту мардони суруданд?!
Ғарра машав эй ҷон ба ин шеъру сурудат!
Қабл аз ту зиёданд, ки ашъор суруданд!
АбуМарям Раҷабӣ
17.02.2016.

Записан