Сабти ном
 
Имом Молик (раҳматуллоҳи алайҳ) гуфта аст:
السنة سفينة نوح من ركبها نجا ومن تخلف عنها غرق
Суннат - киштии Нӯҳ аст, ҳар кӣ бар он савор шавад, наҷот ёбад. Ва ҳар кӣ аз он бозпас монад, ғарқа гардад.

Тадриҷ - яке аз суннатҳои илоҳӣ
Хонда шуд 113 бор
Май 30, 2017, 02:50:03 п.н.
Суннати илоҳӣ дар ҷаҳон ин аст, ки ҳама чиз оҳиста-оҳиста мешавад ва ҳеҷ чиз яклухту якбора намешавад.
Хоҳ ба тарафи мусбат бошад ва хоҳ ба тарафӣ манфӣ.
Хоҳ шарру фасод бошад ва хоҳ хайру некӯӣ.
*
Бубин, ки ҳаёву иффат ва шаҳомати бонувон якбора намеояд, балки тарбият мехоҳад ва оҳиста-оҳиста ба камол мерасад.
Ва ҳамчунин акси он, шарму ҳаёи зане яклухту якбора намеравад, балки бо сабабҳо ва оҳиста - оҳиста аз байн меравад.
Бо баҳонаҳое ва бо тадриҷ шарму ҳаёро аз даст медиҳад.
Агар замоне дасту оринҷашро пинҳон мекард, замоне мерасад, ки дасту оринҷро намоиш додан барои ӯ ҳусну ҷамол мешавад.
Агар замоне буд, ки сари хешро бо пораи матоъе пинҳон мекард, замоне мерасад, ки кокули хешро ва зулфони хешро намоиш медиҳад.
Занеро мебинӣ, ки ба мардон даст медиҳад ва ҳолпурсӣ мекунад. Занеро мебинӣ, ки бо ҳаёву иффат ҷанг эълон мекунад.
Ҳамаи ин оҳиста-оҳиста мешавад...
Ба камоли хеш мерасад!
*
Ва бубин ки тавалло ва табарро дар қалби муъмин яклухту якбора аз байн намеравад, балки бо баҳонаҳое ва оҳиста-оҳиста заъиф мешавад, ва дар ниҳоят аз байн меравад. (Аллоҳ паноҳ диҳад).
*
Шерри жаёнро оҳиста-оҳиста гусфанду гусфандмиҷоз мекунанд.
*
Таъассуб ва "ҳизбийят" якбора намеояд, балки бо мурури замон ва бо иллатҳое (сабабҳое) пайдо мешавад ва оҳиста - оҳиста мустаҳкам мешавад, ва оқибат ҷойи ихлосу иттибоъро мегирад.
Ба ҷойе мерасад, ки мутаъассиб ва ҳизбиро танҳо ҳамроҳу ҳамсангараш бародараш мешавад. Ба ҷойе мерасад, ки дигар гуши шунавое барои қабули насиҳат ва ислоҳу ҳақиқат нахоҳад дошт!
*
Бидъату бидъаткорӣ (ва бидъатро нодида гирифтан) якбораву яклухт намеояд, балки бо тадриҷ меояд. Бо баҳонаи ислоҳ ва даъват, ва бо баҳонаи ҳоло вақти ин нест, ва бо шубҳаи бидъати ҳасана ва сабабҳои дигаре мустаҳкам мешавад, ва мебинӣ, ки оҳиста-оҳиста дар оқибат бидъату бидъаткорӣ дар назараш амри содае гаштааст!
Парвое надорад!
*
Гуноҳу маъсияти инсон ва нофармонии инсон аз Аллоҳи мутаъол, якбора бо гуноҳони бузург оғоз намешавад, балки бо тадриҷ аз гуноҳҳои кучак сар мешавад, ва оқибат ба гуноҳҳои кабира ва гоҳо куфру ширк мерасад.
*
Ислоҳи ҷомеъа ва нашри хайру накӯӣ яклухту якбора намешавад, балки бо тадриҷ ва оҳиста-оҳиста мешавад. Бо нақшаву барномаи саҳеҳ ва сабру таҳаммул ба даст меояд!
*
Талаби илм ва ҳосил кардани улум ҳеҷ гоҳ якбора намеояд, ва бо хондани чанд китобу мақола ва шунидани чанд мавъиза олим нахоҳӣ шуд, балки оҳиста-оҳиста бо мурури замон ва дараҷа ба дараҷа илм ҳосил мекунӣ...

АбуМарям.
08.04.2015.

Записан