Сабти ном
 
Имом Молик (раҳматуллоҳи алайҳ) гуфта аст:
السنة سفينة نوح من ركبها نجا ومن تخلف عنها غرق
Суннат - киштии Нӯҳ аст, ҳар кӣ бар он савор шавад, наҷот ёбад. Ва ҳар кӣ аз он бозпас монад, ғарқа гардад.

Ибораҳои мамнуъ дар тарбияи фарзанд
Хонда шуд 115 бор
Июнь 08, 2017, 08:33:19 б.н.
Ибораҳои мамнуъ дар тарбияи фарзанд

Табиъист, ки аз ҷониби фарзанд хатое, ё гуноҳе содир мешавад, (ҳамчуноне ки дар ҳамин синну сол аз мо содир мешуд) ва падару модар аз он сахт нохушнуд ва хашмгин мешаванд. Дар ин ҳангом падару модар ибораҳое ба забон меронанд, ки бар фарзанд садамаи рӯҳӣ мезананд ва шуъури фарзандро захмгин мекунанд.

Шояд, падару модар ҳангоми хашм пайомади суханонашонро ҳис накунанд ва он суханони дуруштро маҳз барои паст кардани шиддати хашми худ ва қабеҳ будани гуноҳи фарзанд гуфта бошанд.

Бо вуҷуди ин, чунин суханони заҳрогин метавонанд, дар зеҳни фарзанд як умр уқдаи нафсӣ эҷод кунанд, азияташ диҳанд, ба сӯи инҳирофаш баранд, муътоди сигор, шароб, ё бангаш кунанд, эътимодашро ба хештан коста созанд, сабабгори силсилаҳои нокомӣ дар ҳаёташ шаванд ва ҳатто ӯро ба бемориҳои нафсӣ мубтало намоянд.

Аксари ин ибораҳои мамнуъ иборатанд аз: таҳқири фарзанд ва паст заданаш, нисбат додан лақабҳои нописанд ба ӯ, ба ҳайвонот ташбеҳ доданаш, таҳдидҳо ва дуъои бади хунчакон ва ғ...

Шаммае аз феҳристи нотамоми ибораҳои мамнуъ:
⛔️ • Худо ҷонатро бигирад!
⛔️ • Бефарзандам кунад!
⛔️ • Худо гумат кунад!
⛔️ • Нестат кунад!
⛔️ • Решаат хушк!
⛔️ • Риштаат қоқ!
⛔️ • Тухмат пок!
⛔️ • Рӯят сиёҳ!
⛔️ • Ҷавонмаргат бикушад!
⛔️ • Сарат дар хок (қабр)!
⛔️ • Саратро бихӯрӣ!
⛔️ • Зори сарат монад!
⛔️ • Барои чи Худо ту бесаводро (бадбахтро, шӯрапуштро ....) ба мо дод?
⛔️ • Ту барои мо мусибатӣ (дарди сарӣ, ангалӣ, сабаби шармандагиӣ ва ғ.).
⛔️ • Ту ҳеҷ ба ман монанд нестӣ!
⛔️ • Ту ба фалон кас монандӣ!
⛔️ • Ту ба тағоят монанд астӣ.
⛔️ • Ту аз паи тағоҳоят рафтаӣ.
⛔️ • Агар нахобӣ, гург (ҷин, шайтон, ҳайвон, гург, саг) меояду туро мехурад.
⛔️ • Агар сухани ман намешунавӣ, табибро мехонам, то биояду туро сӯзандармон занад.
⛔️ • Агар ором нанишинӣ, аз хона мераваму дигар барнамегардам ва ту бе падар (модар) мемонӣ.
⛔️ • Агар ин коратро бас накунӣ, ба ятимхона месупорамат.
⛔️ • Агар ин коратро бори дигар такрор кунӣ, аз хона бадарат мекунам.
⛔️ • Агар ин корро накунӣ, фарзанди ман нестӣ, ё дигар маро падар (модар) магӯ.
⛔️ • Агар фалон корро накунӣ, оқат мекунам!
⛔️ • Туро дигар дӯст намедорам (туро шум мебинам, худатро дар назарам шум кардӣ ва ғ.).
⛔️ • Бо ин хонданҳоят ва саводат ҳаргиз ба донишгоҳ дохил намешавӣ.
⛔️ • Чаро мисли бачаи ҳамсоя (бародарат, ҳамсинфат) намешавӣ?
⛔️ • Аз дасти ту хок (ҳеҷ кор, фоида) намеояд.
⛔️ • Ба ғайр аз зиён аз ту чизи дигар намерасад.
⛔️ • Мо дигар таҳаммули туро надорам.
⛔️ • Аз рангу рӯи чунин писар безорам.
⛔️ • Баъди ин корат, туро дигар чашми дидан надорам.
⛔️ • Бо ҳамин ақлат Худо говат халқ накард!
⛔️ • Мағзи хар хурдаӣ?!
⛔️ • Беақлтар ва бесаводтар аз ту касе нест!
⛔️ • Ҷои ту оғил аст ҳамроҳи говон.
⛔️ • Кори аз ҳама муносиб барои ту мусоркашӣ(боркашӣ, чӯпонӣ, хизматгорӣ)-ст.
⛔️ • Кошки фалонӣ фарзанди мо мебуд!
⛔️ • Фалонӣ аз ту беҳтар аст.
⛔️ • Ту одами нокомӣ!
⛔️ • Ҳеҷ либос туро намезебад.
⛔️ • Давраи ҷавоният аст, писарам, бихӯру бигарду духтарбозӣ (зино) кун, ки ҷавонӣ дуйумбора барнамегардад!
⛔️ • Кордзан (одамхур, одамкуш, бераҳм, бандит, хулиган) аст, писарам!
⛔️ • Ту фақат суханони маро иҷро кун, на ончи ки ман (аз корҳои хато) мекунам (мисли сигоркашӣ, шаробхорӣ, бенамозӣ, фиреб, дурӯғгӯӣ, дашномкунӣ ва ғ..).
🔸🔅🔹🔅🔸🔅🔹🔅🔸
📝 Сифатҳои мамнуъ:
⛔️ Паъат (мухаффафи падарлаънат), оқипадар, аҳмақ, аблаҳ, беақл, девона, бесавод, беҳунар, кӯрсавод, пурхӯр, бузургшикам (катаишканб, Қорӣ-Исмат), танбал, фарбеҳ, ғафс, хароб (лоғар), кӯтаҳқад (пакана), безеб, бадшакл, каҷдаҳан, уребчашм, гунг, кундзеҳн, кавдан, номард, буздил, ҳайвон, харбача, хар, гӯсола, гов, сагбача, саг, рӯсияҳ, шарманда, дузд, дурӯғгӯ ва ...
〰〰〰〰〰〰〰〰
✍️ Фирдавсии Нуралиён, 04.06.2017, мутобиқи 8-ми Рамазони 1438ҳ, Истанбул.

Записан