Сабти ном
 
Имом Молик (раҳматуллоҳи алайҳ) гуфта аст:
السنة سفينة نوح من ركبها نجا ومن تخلف عنها غرق
Суннат - киштии Нӯҳ аст, ҳар кӣ бар он савор шавад, наҷот ёбад. Ва ҳар кӣ аз он бозпас монад, ғарқа гардад.

Пурсиш:№108. Оё талаффузи шаҳодатайн кофӣ ҳаст барои...
Хонда шуд 217 бор
Май 13, 2017, 09:10:16 б.н.
Пурсиш:№108.
Оё талаффузи шаҳодатайн кофӣ ҳаст барои мусалмон шудан?

Имом Қуртубӣ дар «Муфҳим бар саҳеҳи Муслим» мегӯяд:

"باب لا يكفي مجرد التلفظ بالشهادتين ، بل لابدَّ من استيقان القلب" - هذه الترجمة تنبيه على فساد مذهب غلاة المرجئة القائلين بأن التلفظ بالشهادتين كافٍ في الإيمان ، وأحاديث هذا الباب تدل على فساده ، بل هو مذهب معلوم الفساد من الشريعة لمن وقف عليها ؛ ولأنه يلزم منه تسويغ النفاق ، والحكم للمنافق بالإيمان الصحيح ، وهو باطل قطعاً ا.هـ

"Боби: Кифоя нест муҷарради талаффузи шаҳодатайн, балки ҳатмӣ ҳаст яқини қалб.
Ин бобгузорӣ ишорае ҳаст бар фасоди мазҳаби ғулоти мурҷиа, ки мегӯянд талаффузи шаҳодатайн кофӣ ҳаст дар имон. Ва ҳадисҳои ин боб (дар саҳеҳи Муслим) далолат мекунанд ба фасоди ин мазҳаб. Балки ин мазҳаби мурҷиа маълумул-фасод аст барои ҳар касе ки аз он огоҳӣ дорад, ва зеро ки ин мазҳаб лозимааш ин аст, ки нифоқ қабул карда шавад, ва барои мунофиқ имони саҳеҳ ҳукм карда шавад, ва ин қатъан ботил аст".

Ва имом Нававӣ дар шарҳи ҳадиси ҷория мегӯяд:

وفيه دليل على أن من أقر بالشهادتين واعتقد ذلك جزماً كفاه ذلك في صحة إيمانه، وكونه من أهل القبلة والجنة، ولا يكلف مع هذا إقامة الدليل والبرهان على ذلك، ولا يلزمه معرفة الدليل، وهذا هو الصحيح الذي عليه الجمهور.

«Дар ин ҳадис далел аст бар инки: Касе шаҳодатайнро иқрор намояд, ва онро эътиқоди ҷозим дошта бошад, пас кифоя ҳаст барои сиҳҳати имонаш, ва инки ӯ аз аҳли қибла ва ҷаннат аст. Ва бо ин (иқрору ақида) мукаллаф нест, ки барои он далелу бурҳон иқома кунад. Ва ҳатмӣ нест, ки далелро бидонад, ва ҳамин саҳеҳ аст, ки ҷумҳури уламо бар онанд (бар хилофи ашоъира ки далелу бурҳонро воҷиб кардаанд)».

Ва ҷои дигаре аз шарҳи Муслим бештар тавзиҳ медиҳад, ки муҷарради нутқ кофӣ нест:

واتفق أهل السنة من المحدثين والفقهاء والمتكلمين على أن المؤمن الذي يحكم بأنه من أهل القبلة، ولا يخلد في النار، لا يكون إلا من اعتقد بقلبه دين الإسلام اعتقاداً جازماً خالياً من الشكوك، ونطق بالشهادتين، فإن اقتصر على إحداهما، لم يكن من أهل القبلة أصلاً.

«Аҳли суннат аз ҷумлаи муҳаддисин ва фуқаҳо ва матакаллимон иттифоқ доранд бар инки: Муъмине ки ба ӯ аҳли қибла ҳукм карда мешавад, ва абадӣ дар оташ намемонад, - танҳо ҳамоне ҳаст ки бо қалбаш дини исломро эътиқод намояд, эътиқоди ҷозим (қотеъ), холӣ аз шакк, ва шаҳодатайнро ба забон оварад. Агар бо яке аз инҳо иктифо кунад, аслан аз аҳли қибла намебошад». (Шарҳи Нававӣ, 1/149).

Танбиҳ:
Ончӣ ки дар суханони имом Нававӣ омадааст, аз кифояти иқрору эътиқод, - ин дар мавзӯъи субути ислом аст, на дар таърифи ислому имон!
Зеро ки ислому имон танҳо иқрор ва эътиқод нест, балки иқрор асту эътиқод ва амал!

Валлоҳу аълам.
Муҳаммадазиз Раҷабӣ
10.05.2017
« Вироиши охирон: Май 13, 2017, 09:12:52 б.н. аз Муҳаммадазиз Раҷабӣ »

Записан