Сабти ном
 
Имом Молик (раҳматуллоҳи алайҳ) гуфта аст:
السنة سفينة نوح من ركبها نجا ومن تخلف عنها غرق
Суннат - киштии Нӯҳ аст, ҳар кӣ бар он савор шавад, наҷот ёбад. Ва ҳар кӣ аз он бозпас монад, ғарқа гардад.

Мо ба суннат чӣ ҳоҷат дорем, модоме ки Қуръон ҳаст?!
Хонда шуд 641 бор
Май 26, 2017, 05:31:23 б.н.
Мо ба суннат чӣ ҳоҷат дорем, модоме ки Қуръон ҳаст?!

Савол: Модоме ки Қуръон комил бошад ва кифоя барои шариат бошад, пас чӣ ҳоҷат аст ба суннат?!
Ҷавоб:
Сипос Худовандро
Аввалан:
Ҳамеша душманони ислом мехоҳанд бо услубҳои гуногун ба дини Худо зарба бизананд. Яке аз услубҳои онҳо он аст ки дар миёни мусалмонон шубҳаҳо (мисли ҳамон суоли боло) паҳн карда мехоҳанд мардумро гумроҳ созанд. Ва  аз пайи шубҳаҳои онҳо танҳо мусалмонони ҷоҳил ва имонашон заъиф мераванд. Аммо агар яке аз ин мусалмонони оммӣ каме фикр кунад пай мебарад ки тамоми он шубҳаҳо пуч ва беасос ҳастанд.
Аз ҳама роҳи осон барои дур кардани чунин шубҳаҳо барои ҳар оммӣ (нодон) он аст ки ба худ суол диҳад: Намози пешин чанд ракаъат аст?, нисоби закот чӣ қадар аст?
Ҷавоби чунин суолотро наметавон аз Қуръон пайдо кард.
Бале Худованд дар Қуръон амр карда аст ки намоз барпо доред ва закот бидиҳед, аммо  чигуна татбиқ кардани ин амрҳо баён нашудааст. Пас агар ба суннати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯй наорем аз куҷо ҷавоби ин суолҳоро метавонем ёфт?
Инҷост ки имом Авзоъӣ (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд: “Эҳтиёҷи Қуръон ба суннат аз суннат ба Қуръон дида бештар аст”. (Заркашӣ дар "ал-Баҳрул-муҳит", ва Ибни Муфлиҳи Ҳанбалӣ дар "ал-Одобуш-шаръийя" онро аз тобиъӣ Макҳул нақл кардааст).
Инҷо мо дар ҳаққи бародари суолдиҳанда ҷуз гумони нек намекунем. Шояд суоли ин бародар барои донистани ҷавоб аст, радди онҳое ки чунин суханонро мегӯянд, ба баҳонаи таъзими Қуръон (ва гӯё ки Қуръон кофист).

Дуввум:
« Вироиши охирон: Июнь 16, 2017, 08:08:07 п.н. аз Муҳаммадазиз Раҷабӣ »

Записан


Июнь 16, 2017, 08:10:11 п.н.
#1
Дуввум:

Яке аз ҷавобҳои дандоншикан ба онҳое ки мегӯянд мусалмононро ҳоҷат ба суннат нест, балки Қуръон басанда аст, - ин аст ки ин сухани онҳо худ мухолифи оятҳои Қуръон аст, зеро ки Худованд амр кардааст то ончӣ Паёмбар овардааст бигирем, ва аз ончӣ ки боз дошт онро тарк кунем, ӯро итоат кунем ва ҳукмҳои ӯро қабул кунем.

Худованд мефармояд:

وَمَا آتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانتَهُوا ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۖ إِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَاب.

“Ва ҳарчӣ Пайғамбар ба шумо бидиҳад, онро бигиред ва аз ҳарчӣ шуморо манъ кунад бозистед ва аз Худо битарсед. Ҳар оина Худо сахт уқубаткунанда аст”. (Сураи Ҳашр, 7).

قُلْ أَطِيعُوا اللَّهَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ ۖ فَإِن تَوَلَّوْا فَإِنَّمَا عَلَيْهِ مَا حُمِّلَ وَعَلَيْكُم مَّا حُمِّلْتُمْ ۖ وَإِن تُطِيعُوهُ تَهْتَدُوا ۚ وَمَا عَلَى الرَّسُولِ إِلَّا الْبَلَاغُ الْمُبِينُ.

“Бигӯ: Аз Аллоҳ ва Пайғамбар итоъат кунед; агар (сарпечӣ кардед) рӯй бигардонед, пас бар ӯ анҷоми чизе воҷиб аст, ки бар дӯши вай ниҳода шудааст (таблиғи рисолат); ва бар шумо ҳам анҷоми чизе воҷиб аст, ки бар дӯшатон ниҳода шудааст (итоъат). Ва агар фармонбардории ӯ кунед, роҳ меёбед (ва ба хайру саъодат мерасед). Ва бар Пайғамбар ба ҷуз пайғом расонидани ошкоро (чизе) нест”. (Сураи Нур, 54).
 
وَمَا أَرْسَلْنَا مِن رَّسُولٍ إِلَّا لِيُطَاعَ بِإِذْنِ اللَّهِ.

“Ва Мо ҳеҷ пайғамбареро нафиристодем, магар барои он ки ба ҳукми Худо аз ӯ фармонбардорӣ карда шавад (пас итоъат аз ӯ – итоъат аз Худо ҳаст). (Сураи Нисо, 64).

فَلَا وَرَبِّكَ لَا يُؤْمِنُونَ حَتَّىٰ يُحَكِّمُوكَ فِيمَا شَجَرَ بَيْنَهُمْ ثُمَّ لَا يَجِدُوا فِي أَنفُسِهِمْ حَرَجًا مِّمَّا قَضَيْتَ وَيُسَلِّمُوا تَسْلِيمًا.
 
“Чунин нест! Ба парвардигорат қасам, ки онҳо муъмин ба шумор намеоянд, то туро дар ихтилофот ва даргириҳои худ, ҳакам (довар) накунанд; ва сипас малоле дар дили худ аз доварии ту надошта бошанд, ва комилан таслим (-и қазовати ту) бошанд. (Сураи Нисо, 65).

Оне ки даъво дорад, ки танҳо Қуръонро пайравӣ мекунад ва ба суннат муҳтоҷ нест, дар бораи ояҳои зикршуда чи мегӯяд? Ба фармудаҳои Худованд дар ин оятҳо чӣ ҷавобе дорад?
Чигунае ки дар боло зикр кардем он намозе ки Худованд дар Қуръон ба мо амр кардааст чигуна аст? Чанд намоз аст? Дар кадом вақтҳо бояд хонда шавад? Шартҳояш чист? Ботилкунандаш чист? Инчунин он муддаъӣ ба дигар фармудаҳои Худованд ба мисли закот, ҳаҷ, рӯза ва дигар шиорҳои ислом бояд посух диҳад.
Ё ки ин фармудаи Худовандро чигуна татбиқ мекунад?

وَالسَّارِقُ وَالسَّارِقَةُ فَاقْطَعُوا أَيْدِيَهُمَا جَزَاءً بِمَا كَسَبَا نَكَالًا مِّنَ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ.

“Ва дасти марди дузд ва зани дуздро ба ҷазои ончӣ ба амал овардаанд, бибуред. Ин ибрате [аст] аз тарафи Худо. Ва Худо Ғолиби Доно аст. (Сураи Моида, 38).
Он ҳадду андоза (нисоб) дар чизи дуздидашуда чӣ қадр аст? Дастро бояд то куҷояш бурид? Оё дасти чап ё инки ростро бояд бурид? Ва шартҳои ашёи дуздидашуда чӣ аст? Ба мисли ҳамин суолҳо, дар бораи ҳадди қазф (туҳмат), зино, лиъон ва дигар ҳудуди шаръӣ бояд посух бидиҳад.

Бадриддини Заркашӣ (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд:
Имом Шофеъӣ дар "Рисола" дар боби итоат аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чунин мегӯяд: Худованд мефармояд:

.(و من يطع الرسول فقد اطاع الله)

“Ҳаркӣ Паёмбарро итоат кард, ба таҳқиқ Худоро итоат кардааст”.
Ҳар фаризае ки Худованд дар китобаш онро фарз кардааст мисли намозу ҳаҷу закот агар баёну шарҳи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам намебуд мо ҳаргиз онҳоро татбиқ карда наметавонистем инчунин ҳеҷ яке аз аҳкоми шариатро низ. Агар ҷойгоҳу манзалати Паёмбар дар шариат чунин бошад (яъне барои фаҳмонидани аҳкоми илоҳӣ) ҳароина итоат аз ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мисли итоат аз Худованд аст. (ал-Баҳрул-муҳит,  6/7,8).

Ҳар мусалмони оқиле пай мебарад, ки он даъвокунандаи таъзими Қуръон аз бузургтарин мухолифони Қуръон асту аз бузургтарин хориҷшавандагон аз дин. Чун Қуръонро кофӣ мегӯяд барои барпо кардани дин ва аҳкоми шариъат, ҳатман чунин мешавад, ки бо суннат амал намекунад, пас дар ин сурат кофир мешавад ё ки амал мекунад, ва дар зидду нақиз меафтад.

Саввум:

Записан


Июнь 16, 2017, 08:11:55 п.н.
#2
Саввум:

Худованд Паёмбараш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро бо Ислом фиристод, ва ин неъмати азим, натанҳо Қуръон балки Қуръон ва Суннат аст. Вақто ки Худованд тамом (пурра) шудани динро ва камоли неъматро барои бандагонаш миннат гузошт, мақсуд танҳо инзоли Қуръон набуд, балки мақсуд камоли аҳком буд дар Қуръону Суннат. Ба далели онки баъди ин хабари камоли дин ва итмоми неъмат, боз оятҳое нозил шуда буданд.
Худованд мефармояд:

الْيَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِينَكُمْ وَأَتْمَمْتُ عَلَيْكُمْ نِعْمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ الْإِسْلَامَ دِينًا.

“Имрӯз барои шумо дини шуморо комил кардам ва неъмати Худро бар шумо тамом кардам ва Исломро барои шумо дин ихтиёр кардам”. (Сураи Моида, 3)

Бадриддини Заркашӣ мегӯяд: “Ин сухани Худованд "имрӯз дини шуморо комил кардам" маънои онро дорад, ки ман аҳкоми шариъатро комил кардам, на Қуръонро, зеро баъд аз ин оят оёте дигар нозил шуд, ки мутаалиқ ба аҳком набуданд”. (Ал-мансур фил-қавоъид, 1/142).

Ибни Қаййим (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд: “Худованд бо забони Паёмбар бо суханони худ ва низ суханони худи Паёмбар тамоми амрҳояшро, тамоми наҳйҳояшро, тамоми ҳалолҳояшро, тамоми ҳаромкардаҳояшро, тамоми ончӣ ки дар он гузашт кардааст (ъафвкардаҳошро)-ро баён карда аст, аз ин рӯй дин комил аст, чигунае  ки Худованд мефармояд:

الْيَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِينَكُمْ وَأَتْمَمْتُ عَلَيْكُمْ نِعْمَتِي.

Имрӯз барои шумо дини шуморо комил кардам ва неъмати Худро бар шумо тамом кардам. (Сураи Моида, 3)”. (Иълом-ул-муқиъин, 1/250).

Чаҳорум:

Записан


Июнь 16, 2017, 08:16:11 п.н.
#3
Чаҳорум:

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва салам) баён кардааст, ки он суннате ки овардааст мисли Қуръон аст. Мисли Қуръон аст, дар онки аз ҷониби Худованд мебошад, ва ҳуҷҷат аст, ва мулзам (ҳатмӣ) бар бандагон аст. Ва Паёмбар барҳазар доштааст умматашро аз инки дар мавриди амру наҳйҳо бо Қуръон басандагӣ кунанд. Ва дар як ҳадиси саҳеҳ ҳаромшудаеро барои мо баён кардааст аст, ки аз чунин ҳукм дар Қуръон чизе зикр нашудааст балки дар Қуръон ишорае ба ҳалол будани он аст:

عَنْ الْمِقْدَامِ بْنِ مَعْدِي كَرِبَ عَنْ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَنَّهُ قَالَ:
أَلَا إِنِّي أُوتِيتُ الْكِتَابَ وَمِثْلَهُ مَعَهُ ، أَلَا يُوشِكُ رَجُلٌ شَبْعَانُ عَلَى أَرِيكَتِهِ يَقُولُ : عَلَيْكُمْ بِهَذَا الْقُرْآنِ فَمَا وَجَدْتُمْ فِيهِ مِنْ حَلَالٍ فَأَحِلُّوهُ وَمَا وَجَدْتُمْ فِيهِ مِنْ حَرَامٍ فَحَرِّمُوهُ أَلَا لَا يَحِلُّ لَكُمْ لَحْمُ الْحِمَارِ الْأَهْلِيِّ وَلَا كُلُّ ذِي نَابٍ مِنْ السَّبُعِ.

Аз Миқдом ибни Маъдӣ Кариб, аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки фармуд:
“Огоҳ бошед, барои ман китоб ва ҳамроҳи он китоб мисли онро дода шудааст. Огоҳ бошед, рӯзе меояд, ки марди сере (шикамаш пур) бар тахташ (болишаш) такя зада мегӯяд: «Шумо ба ин Қуръон чанг бизанед, ончӣ ки дар он аз ҳалол ёфтед пас ҳалолаш бишуморед, ва ончиро ки дар он ҳаромшуда ёфтед пас ҳаромаш бишуморед (яъне ба ҳамин Қуръон басандагӣ кунед дар шинохти ҳалол ва ҳаром)».
Огоҳ бошед, барои шумо гӯшти хари хонагӣ ва ҳар даррандаи соҳиби дандон (ашк) ҳалол нест”. (Абудовуд 4604, ва Албонӣ онро дар "Саҳеҳи Абудовуд" саҳеҳ донистааст).

Асҳоби Паёмбар (Аллоҳ аз эшон розӣ бод) динро чунин фаҳмиданд:

عن عبد الله قال: "لعن الله الواشمات والمستوشمات والمتنمصات والمتفلجات للحسن المغيرات خلق الله فبلغ ذلك امرأة من بني أسد يقال لها أم يعقوب فجاءت فقالت : إنه بلغني أنك لعنت كيت وكيت ، فقال : ومالي لا ألعن من لعن رسول الله صلى الله عليه وسلم ومن هو في كتاب الله ؟
 فقالت : لقد قرأت ما بين اللوحين فما وجدت فيه ما تقول ، قال : لئن كنتِ قرأتيه لقد وجدتيه ؛
أما قرأت : ( وما آتاكم الرسول فخذوه وما نهاكم عنه فانتهوا )؟ ، قالت : بلى ، قال : فإنه قد نهى عنه ، قالت : فإني أرى أهلك يفعلونه ، قال : فاذهبي فانظري ، فذهبت فنظرت فلم تر من حاجتها شيئاً ، فقال : لو كانتْ كذلك ما جامعَتنا.

Аз Абдуллоҳ (ибни Масъуд) ривоят аст, ки гуфта: Аллоҳ лаънат кардааст холкубандаҳоро ва онҳое ки хостори онанд, ва онҳое ки мӯйи рӯяшонро мечинанд, ва онҳое ки миёни дандонҳоро васеъ мекунанд, ба хотири зебо шудан. Онҳое ки офаридаи Аллоҳро тағйир медиҳанд.
Ин хабар ба гӯши зане расид аз қабилаи Бани Асад, ки Умми Яъқубаш мегуфтанд, ва омаду гуфт: Ба ман хабар расид ки ту чунину чунонро лаънат кардаӣ!
Абдуллоҳ ибни Масъуд гуфт: Чаро лаънат накунам онеро ки Расулуллоҳ (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) онро лаънат кардааст, ва дар китоби Аллоҳ омадааст?!
Он зан гуфт: Ман миёни ду ҷилди мусҳаф (яъне аз аввал то ба охир Қуръон)-ро хондаам, вале ончӣ ки дар бораи лаънат гуфтӣ пайдо накардам.
Гуфт: Агар мехондӣ, пайдо мекардӣ!
Оё ин сухани Аллоҳро нахондаӣ: “Ҳарчӣ ки Расул ба шумо додааст бигиред ва аз ончӣ ки шуморо наҳй карда, бозистед”. (Ҳашр, 7).
Гуфт: Бале хондаам!
Ибни Масъуд гуфт: Пас (бидон, ки) Расулуллоҳ аз он (чизҳои мазкур) наҳй кардааст (ва муқтазои оят, ин аст ки аз Расул итоъат карда шавад...).
Он зан гуфт: Ба назари ман хонаводаи худат мекунанд ин корҳоро.
Ибни Масъуд гуфт: Бирав ва бубин (ки оё дар ҳақиқат чунин аст).
Он зан рафту назар кард, ва ончӣ ки гумон дошт пайдо накард.
Пас Абдуллоҳ ибни Масъуд гуфт: Агар чунин мебуд, ҳамроҳи мо зиндагонӣ намекард (яъне талоқаш медодам). (Бухорӣ, 4604 ва Муслим, 2125).

Ва низ тобиъин ва имомони ислом динро чунин фаҳмидаанд. Ва ҷуз ҳамин қоъида чизи дигареро намедонанд, - инки байни Қуръон ва Суннат дар истидлол ва илзом (ҳатмӣ будан барои қабул ва амал) фарқе нест, ва ин суннат баёнгар ва муфассири аҳкомест ки дар Қуръон омадааст.

Имом Авзоъӣ аз Ҳассон ибни Ъатия нақл мекунад: Ҷабраил (алайҳис-салом) бар Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фуруд меомад бо Қуръон, ва суннат онро тафсир мекард.

Имом Айюби Сихтиёнӣ мегӯяд: Ҳаргоҳ ба марде аз суннат сухан гӯянд, ва ӯ бигӯяд: “Бигзор инрову аз Қуръон сухан бигӯй”, пас бидонед ки чунин шахс гумроҳ ва гумроҳкунанда аст.

Ва имом Авзоъӣ мегӯяд: Худованд фармуда: “Ҳаркӣ Паёмбарро итоат кард ба таҳқиқ Худоро итоат карда аст”.
Ва фармуда: “Ва ончиро ки Паёмбар ба шумо додаст, онро бигиред (итоъат ва амал кунед)”.

Низ имом Авзоъӣ мегӯяд: Қосим ибни Мухаймара гӯяд: Ончӣ ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаром донист ва бо он вафот кард, пас то рӯзи қиёмат ҳаром аст, ва он чизе ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онро ҳалол донист ва бо он вафот кард то рӯзи қиёмат ҳалол аст. (ал-Одоб-уш-шаръийя, 2/307).

Бадриддини Заркашӣ мегӯяд:
“Ҳофиз Доримӣ мегӯяд: “Бароям Қуръонро додаанд ва мисли онро” - аз суннатҳое ки Қуръон онро зикр накардааст, ва ин суннатҳо баёнгари иродаи Аллоҳ ҳастанд. Мисли таҳрими гӯшти хари хонагӣ, ва соҳиби дандон аз даррандагон, ва дар ин маврид нассе дар Қуръон наомадааст.

Аммо он ҳадисе ки аз тариқи Савбон ривоят шуда, ки аҳодисро бар Қуръон арза кунед, имом Шофеъӣ (раҳимаҳуллоҳ) дар китоби "ар-Рисола" мегӯяд: “Касе ки ҳадисаш дар масъалае собит бошад (яъне шахси муътамаде) онро ривоят накардааст”.
Имоми ҳадис Яҳё ибни Маъин ҳукм карда ки ҳадиси сохтае ҳаст, ки онро зиндиқҳо ворид кардаанд.

Имом Ибни Абдулбарр дар китоби " Ҷомеъу баёнил-илм" аз Абдурраҳмон ибни Маҳдӣ нақл карда ки: “Зиндиқҳо ва хавориҷ ин ҳадисро ворид кардаанд:

 ما أتاكم عني فاعرضوه على كتاب الله , فإن وافق كتاب الله فأنا قلته , وإن خالف فلم أقله.

(Ончӣ аз ман ба шумо расид, ба китоби Худо арза кунед, агар ба китоби Худо мувофиқ бошад пас онро ман гуфтаам, ва агар мухолифат кард, пас онро ман нагуфтаам)”.

Ҳофиз ибни Ҳаҷар мегӯяд: Ин (ҳадис) саҳеҳ нест. Ва қавме аз уламо онро радд кардаву гуфтаанд: Мо ин ҳадисро бар китоби Худо арза кардем, ва дарёфтем ки мухолифи китоб аст; зеро ки мо дар китоби Худо чунин сухане наёфтаем: Танҳо ҳадиси мувофиқ бо Қуръон қабул бошад. Балкӣ дар Қуръон амр шуда ки аз фармудаҳои ӯ (алайҳис-салом) пайравӣ кунем. Ва барҳазар будан аз мухолифат бо Паёмбар ҳукми мутлақе ҳаст бар тамоми аҳвол.

Ибни Ҳиббон дар "Саҳеҳ" – аш, дар шарҳи ҳадиси Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мегӯяд:

بلغوا عني ولو آية.

Ин ҳадис ба он  далолат мекунад, ки суннатро оят низ гуфта мешавад.

Панҷум:

Бародаре мақоларо тарҷума кардав ирсол намуд (Аллоҳ подоши некӯяш диҳад), ва иншоаллоҳ қисм қисм баъди таҳрир нашр мешавад.
(ИДОМА ДОРАД...)

Записан