Сабти ном
 
Имом Молик (раҳматуллоҳи алайҳ) гуфта аст:
السنة سفينة نوح من ركبها نجا ومن تخلف عنها غرق
Суннат - киштии Нӯҳ аст, ҳар кӣ бар он савор шавад, наҷот ёбад. Ва ҳар кӣ аз он бозпас монад, ғарқа гардад.

Мантуқ ва мафҳуми алфоз.
Хонда шуд 166 бор
Май 30, 2017, 02:54:17 п.н.
Мантуқ ва мафҳуми алфоз.

Масъалаи мантуқ ва мафҳум аз мабоҳиси лафз ва далолат аст.
Яъне ҳар лафзе ба чизе далолат мекунад.
1. Мустақиман, дар вақти талаффуз ва нутқ кардан.
2. Ё ки бо роҳи истифода аз маънои он.
Дар навбати худ, далолати нутқ ва мафҳум тақсимоти дигаре низ дорад, вале мухтасар ҳоло кифоя ҳаст, барои хонандагон.
Ва ин мабҳас дар китобҳои усули фиқҳ матраҳ аст, ва бисёр масъалаи муҳим аст. Зеро ки дар истидлол (яъне дар вақти истифода аз далелҳои Қуръону Суннат барои дарёфти ҳукме) бе ин қоъидаҳо намешавад.
Масалан:
Ҳадиси Муъовия (разияллоҳу анҳу), ки мефармояд:
"Ҳар касе ки Аллоҳ барои ӯ хайр хоҳад, ӯро дар Дин фаҳмиш медиҳад".
1. Мантуқи ин ҳадис (алфози ҳадис) далолат бар он мекунад, ки ҳар касе аз илму дониш ва фаҳми дин бархурдор аст, Аллоҳ барояш хайр хостааст! Нишони насибааш аз раҳмат ва хайри Худованд аст.
2. Ва аз мафҳуми ин ҳадис чунин далолат гирифта мешавад, ки ҳар касе аз фаҳму дарки Дин маҳрум аст, ҳамон қадар аз хайру раҳмати Худованд маҳрум аст.
Ва он касе, ки аз талаби илми шариъат рӯйгардон аст ва майле надорад, Аллоҳ барояш хайре нахостааст.
Ва шайх АбдулКарим Хузайр гуфтааст: (Далолати ин мафҳум чунин нест, ки инсони беилм ва инсони ҷоҳил дар умури шаръ, мутлақ аз хайри Худованд маҳрум бошад. Чӣ басо инсонҳое ҳастанд, ки бо моли худ ва бо ҷисми худ ва бо мансаби хеш дар ҷиҳоданд, ва аз ин боб хайри Худованд насибашон шудааст.
Аммо ҷиҳати дигар он хайри азим ва мутлақи Худованд бо роҳи тафаққуҳ дар дин ба даст меояд).
Хайре ки дар ин ҳадис зикр шудааст, хайри махсус аст. Ва далели азамат ва аҳаммияти илму дониш аст. Зеро ки хайри мутлақ ва азими Худованд аст!
Мисоли дигар:
Ояти 185-и сураи Бақара:
(Ҳар касе аз Шумо моҳро (Рамазонро) дарёфт кард, пас рӯза дорад).
1. Мантуқи ин оят далолат бар вуҷуби рузадорӣ ҳаст.
2. Ва мафҳуми ин оят далолат бар он дорад, ки ҳамин рӯзадорӣ барои моҳи Рамазон аст. Ва ҳар касе ки ин моҳро дарёфт накардааст, воҷиб нест бар ӯ рӯза доштан.
Мисоли дигаре:
Ояти 205-и сураи Бақара:
(Ва Аллоҳ фасодро дӯст намедорад).
1. Мантуқи оят ин аст, ки Худованд фасодро ва фасодкоронро дӯст намедорад ва розӣ нест.
2. Мафҳуми ин оят далолат бар ин мекунад, ки Аллоҳ салоҳу некӯкорӣ ва солиҳонро дӯст медорад.
М. Раҷабӣ

Записан