Сабти ном
 
Имом Молик (раҳматуллоҳи алайҳ) гуфта аст:
السنة سفينة نوح من ركبها نجا ومن تخلف عنها غرق
Суннат - киштии Нӯҳ аст, ҳар кӣ бар он савор шавад, наҷот ёбад. Ва ҳар кӣ аз он бозпас монад, ғарқа гардад.

Пурсиш: №89. Фидяи рӯза чӣ қадар аст, ва киҳо фидя медиҳа
Хонда шуд 128 бор
Май 20, 2017, 03:31:29 п.н.
Пурсиш: №89.
Фидяи рӯза чӣ қадар аст, ва киҳо фидя медиҳанд?

Посух:
Он шахсе ки руза гирифта наметавонад, ба сабаби солхӯрда ва оҷиз будан ё беморие ки шифо намеёбад, пас фидая медиҳад.
«..ва бар касоне ки тавоноии анҷоми рӯзаро надоранд (пирони заъиф, беморони ҳамешагӣ) лозим аст, ки каффора диҳанд…».(Сураи Бақара, ояти 184).

Ва миқдори фидя, як ваъда (порция) таъоме ҳаст, аз қуту хӯроквории ҳамон кишвар, ки барои ҳар рӯзе аз рӯзҳои ифторкардааш як мискинро бояд диҳад:
«… ва он (фидя) хӯроки мискин аст (аз хӯроки миёнае ки ба хонаводаи худатон мехӯронед)».(Сураи Бақара, ояти 184).
Фидяро метавонад, баъди ҳар рӯзе ё ҳафтае аз рӯзҳои Рамазон таъом диҳад, ё ки дар охир баъди моҳи Рамазон пурра адо кунад.
Имом Бухорӣ дар саҳеҳи худ оварда, ки Анас ибни Молик ду сол рӯза дошта натавонист, ва барои ҳар рӯзи ифтор кардааш, мискинеро нону гӯшт таъом медод. (Саҳеҳи Бухорӣ, китоби Тафсири Қуръон, боби 25).

Аммо он шахсе ки бемор аст, вале эҳтимоли табобат ва шифо ёфтан дорад, пас фидя намедиҳад, балки баъди шифо ёфтан қарзашро адо мекунад.
Зеро ки ба фидя додан ҳамон вақт рӯй меоранд, ки имкони қазоро адо кардан набошад.
«…Онҳое аз шумо ки бемор ё мусофир бошанд (агар рӯза надоштаанд, пас ба андозаи ҳамон рӯзҳо) чанд рӯзи дигареро рӯза медоранд…».(Сураи Бақара, ояти 184).

Занҳои ҳомила ва ё кӯдаки ширхорадор, ва беморон ва коргароне ки маҷбурӣ дар кори вазнине ҳастанд, агар аз сабаби заъифӣ ва машаққат рӯза гирифта натавонанд, онҳо низ баъди муддате бояд қарзашонро адо кунанд, ва фидя додан ҷоиз нест.
Ва бояд илова кард, ки на ҳама вақт занҳои ҳомила ва кӯдаки ширхорадор заъифу нотавон ҳастанд, балки ҳастанд ин гуна занҳо, вале тавону қуввати рӯза гирифтанро доранд. Бояд баҳона накунанду бепарвоӣ накунанд нисбати рӯзадорӣ.
Ва мусалмонро воҷиб аст, ки ба қадри имкон шароити рӯзадориро фароҳам кунаду ибодаташро анҷом диҳад.
Мардҳо ва сарпарастони оила, барои бонувон (хоссатан келинҳои худ) шароити рӯзадориро бояд фароҳам созанд.
Аллоҳ мову шуморо аз ин моҳи хайру баракат бонасиб созад.

АбуМарям Раҷабӣ
22.05.2016

Записан