Сабти ном
 
Имом Молик (раҳматуллоҳи алайҳ) гуфта аст:
السنة سفينة نوح من ركبها نجا ومن تخلف عنها غرق
Суннат - киштии Нӯҳ аст, ҳар кӣ бар он савор шавад, наҷот ёбад. Ва ҳар кӣ аз он бозпас монад, ғарқа гардад.

Нукоте иҷмолӣ дар баёни аркони тавҳид
Хонда шуд 207 бор
Июль 28, 2017, 09:55:04 б.н.
Нукоте иҷмолӣ дар баёни аркони тавҳид.

Барои инки шахс муваҳҳид қарор бигирад, лозим аст ки ба ҳамаи ин маворид эътиқод дошта бошад, ва ҳатто дар як маврид ҳам касеро бо Худованд шарик масозад!

1. Тавҳид дар рубубият – холиқияти Аллоҳ таъоло: Яъне ки холиқи тамоми махлуқот ва ашёъи олами ҳастӣ, танҳо Худованди мутаъол аст ва ҳеҷ мавҷуде дар ин маврид бо Худованд шарокат ва ҳамкорӣ надорад.
Худованд ба ҳеҷ як аз махлуқоти хеш ин қудрат ва сифатро ато накардааст, ки тавонад бидуни асбоб ва бо қудрати ғайбӣ чизеро халқ кунад.

Аллоҳ таъоло дар ин маврид фармудааст:
الا له الخلق و الامر
"Ҳароина, офариниш ва (ҳамчунин) амру фармон танҳо азони Ӯст". (Сураи Аъроф 54).

Ва низ фармудааст:
قل الله خالق كل شيء و هو الواحد القهار
"Бигӯ, Аллоҳ офаринандаи ҳама чизҳост ва Ӯ яктову тавоност". (Сураи Раъд 16).

Тавҳид дар тасарруф ва тадбир – яъне ин эътиқод, ки гардонанда ва контролкунандаи ин ҷаҳон, Аллоҳ таъоло ҳаст ва ҳеҷ кас бо Аллоҳи мутаъол дар ин сифат шарик нест. Ва ҳатто дар кучактарин масоил, касе ҷуз Аллоҳ тасарруфе надорад.

На зотан ва на атоан. Яъне на худаш чунон қудрат ва салоҳияте дорад ва на Худованд ба касе чунин фазилатеро ато кардааст, ки битавонад дар феълу инфиъолоти олам таъсире дошта бошад. Масалан дар гардиши замину замон, лайлу наҳор, ободиву вайронӣ, пирӯзиву шикаст, парешониву хушҳолӣ, куштан ва зинда кардан, зарар расонидан ва нафъ додан, додани фарзанд ва ақим кардан, ва хулоса дар ҳеҷ масъалаи кучак ва ё бузурге, касе наметавонад шарики Ӯ бошад, ва танҳо зоти бемислу монанди Аллоҳ ҳаст, ки ҳама корҳои оламро мегардонад ва Ӯст, ки дигаргуниҳоро дар ҷаҳон эҷод мекунад.

Қуръони маҷид дар ин бора фармудааст:

يُدَبِّرُ الأَمْرَ مَا مِن شَفِيعٍ إِلاَّ مِن بَعْدِ إِذْنِهِ

"Идораи ҷаҳони ҳастӣ ба дасти Ӯст, ва ҳеҷ шафоъатгаре нахоҳад буд, магар пас аз иҷозаи Ӯ". (Сураи Юнус 3).

Ва ҳамчунин омадааст:

اللّهُ الَّذِي رَفَعَ السَّمَاوَاتِ بِغَيْرِ عَمَدٍ تَرَوْنَهَا ثُمَّ اسْتَوَى عَلَى الْعَرْشِ وَسَخَّرَ الشَّمْسَ وَالْقَمَرَ كُلٌّ يَجْرِي لأَجَلٍ مُّسَمًّى يُدَبِّرُ الأَمْرَ يُفَصِّلُ الآيَاتِ لَعَلَّكُم بِلِقَاء رَبِّكُمْ تُوقِنُونَ

"... Худованди мутаъол умури (дунёро) мегардонад ва Ӯ ояҳоро баён мекунад, то инки шумо яқин ҳосил кунед, ки бо парвардигоратон мулоқот мекунед". (Сураи Раъд 2).

Аллоҳ таъоло тасарруфи дигаронро дар олами ҳастӣ ва тағйироти онро сароҳатан радд кардааст, масалан дар мавриди гардиши айём мегӯяд:

قُلْ أَرَأَيْتُمْ إِن جَعَلَ اللَّهُ عَلَيْكُمُ اللَّيْلَ سَرْمَداً إِلَى يَوْمِ الْقِيَامَةِ مَنْ إِلَهٌ غَيْرُ اللَّهِ يَأْتِيكُم بِضِيَاء أَفَلَا تَسْمَعُونَ * قُلْ أَرَأَيْتُمْ إِن جَعَلَ اللَّهُ عَلَيْكُمُ النَّهَارَ سَرْمَداً إِلَى يَوْمِ الْقِيَامَةِ مَنْ إِلَهٌ غَيْرُ اللَّهِ يَأْتِيكُم بِلَيْلٍ تَسْكُنُونَ فِيهِ أَفَلَا تُبْصِرُونَ
"Бигӯ эй Паёмбар! Ба ман бигӯед, агар Худованд шабро то рӯзи Қиёмат ҳамеша мондагор кунад, ба ҷуз Аллоҳ кадом маъбуд аст, ки битавонад барои шумо рӯшноӣ биёварад? Оё намешунавед?
Бигӯ, ба ман хабар диҳед, агар Худованд рӯзро то Қиёмат ҷовидона кунад, ба ҷуз Аллоҳ кадом маъбуд аст, ки битавонад барои шумо шаберо биёварад, то дар он биёромед? Магар намебинед?". (Сураи Қасас 71-72).

Ва дар мавриди борон мефармояд:
أفرأيتم الماء الذي تشربون أأنتم أنزلتموه من المزن أم نحن المنزلون
"Оё ҳеҷ дар мавриди обе, ки менӯшед андеша кардаед? Оё шумо онро аз абр пойин меоваред ё мо онро фурӯ меоварем?". (Сураи Воқиъа 68-69).

Ва дар мавриди аъзо ва ҷавориҳи инсон фармудааст:

قل أراْيتم ان اخذ الله سمعكم و ابصاركم و ختم علي قلو بكم من اله غيرالله ياتيكم به

"Бигӯ: Ба ман бигӯед, агар Аллоҳ шунавоӣ ва биноиятонро бигирад ва бар дилҳоятон муҳр ниҳад, оё ғайр аз Аллоҳ маъбуде ҳаст, ки онро ба шумо бозгардонад?". (Сураи Анъом 46).

2. Тавҳид дар Улуҳийят – муҳимтарин бахши тавҳид ин аст, ки дар ибодат ва парастиш касеро ба Аллоҳ шарик қарор дода нашавад, ва ҳама ибодатҳо (аз ҷумла ибодатҳои қавлӣ, амалӣ, молӣ ва махсусан дуъову тазарруъ, ки мағзи ибодат ҳаст) фақат барои зоти Аллоҳ анҷом дода шавад. Ҳама назрҳову ниёзҳо ба номи Ӯ дода шавад. Дар ҳама мушкилот фақат Ӯро фарёд зада ва танҳо аз Ӯ кумак хоста шавад.

Ҷуз Ӯ, барои ҳеҷ касе саҷда, тавоф, эътикоф нашавад, ва ҳей кас ҷуз Ӯ барои ҳалли мушкиле ва ё ҳусули неъмате хонда нашавад.

Тавҳид дар Улуҳийят (яъне тавҳиди ибодат ва бандагӣ) муҳимтарин қисми тавҳид аст, ва бештарин оёти Қуръон барои таъкиди он нозил шудааст, зеро бузургтарин инҳироф ва залолати башар дар ҳамин бахши тавҳид будааст.

Аллома Абул-Ъиззи ҳанафӣ дар шарҳи "Ақидаи Таҳовия" мегӯяд:

فلو أقر رجل بتوحيد الربوبية الذي يقر به هؤلاء النظار، ويفنى فيه كثير من أهل التصوف، ويجعلونه غاية السالكين، كما ذكره صاحب منازل السائرين وغيره، وهو مع ذلك إن لم يعبد الله وحده ويتبرأ من عبادة ما سواه كان مشركاً من جنس أمثاله من المشركين

"Агар касе ба тавҳиди рубубийят иқрор ва эътироф кунад, ҳамон (қисми тавҳиде), ки назарияпардозон (амсоли аҳли калом) ба он иқрор кардаанд ва бисёре аз аҳли тасаввуф дар он фано гаштаанд, ва онро ғоят ва мунтаҳои солик медонанд – чӣ тавре, ки соҳиби Манозилус-соирин (Ҳаравӣ) ва ғайраҳо зикр кардаанд, аммо бо вуҷуди он агар танҳо Аллоҳро ибодат накунад ва аз ибодати ғайруллоҳ безор набошад, ӯ мушрик аст, монанди дигар мушрикон".

Тафсили бештар дар мавриди ин бахши тавҳид, дар мақоли ҷудогонае баён хоҳад шуд иншоаллоҳ.

3. Тавҳиди асмо ва сифот – ин яъне имон овардан ба иқрор кардан ба номҳо ва сифатҳои Аллоҳ таъоло ҳамчуноне, ки худи Ӯ ва расулаш Муҳаммад (ﷺ) барои Ӯ собит кардааст.

Дар тафсили бештари ин бахши тавҳид низ мақоли ҷудогонае зарур аст, вале ба қадри имкон ва иҷмолан қоъидаи муҳимеро инҷо баён мекунем.

الكلام في الصفات كالكلام في الذات والقول في بعض الصفات كالقول في البعض الآخر

Қоъида ин аст, ки "Сухан кардан дар сифоти Худованд, ин монанди сухан кардан дар бораи зоти Худованд аст ва сухан кардан дар атрофи баъзе аз сифатҳо, монади сухан кардан дар баъзеи дигар аст".

Шарҳи ин қоъида чунин аст, ки: Чӣ тавре, ки ҳақиқати зоти илоҳиро исбот кардаву қабул дорем, бидуни идроки кайфияти он, ҳамин тавр сифоти Аллоҳ таълоро низ бидуни такйиф ва ташбиҳ ва таътилу тамсил бояд қабул кард.

Ва ҳамчунин исботи баъзе аз сифот мусталзими он аст, ки боқимонда сифотро низ бояд исбот ва иқрор карда шавад. Ҳамчуноне, ки илму ҳаёту қудрат ва самъу басар ва иродаро исбот кардаем, бидуни ташбиҳи он бо сифоти махлуқин, пас бояд сифатҳои дигареро низ, ки дар Қуръону Ҳадис омадааст, бидуни ташбиҳ ва таъвилу тафвиз ва тамсил қабул кардаву имон оварем.

Муҳаммадазиз Раҷабӣ
(Қисмате аз мақолаи "Тавҳид роҳи наҷот аст").

Записан