Сабти ном
 
Имом Молик (раҳматуллоҳи алайҳ) гуфта аст:
السنة سفينة نوح من ركبها نجا ومن تخلف عنها غرق
Суннат - киштии Нӯҳ аст, ҳар кӣ бар он савор шавад, наҷот ёбад. Ва ҳар кӣ аз он бозпас монад, ғарқа гардад.

Гулчине аз Сайди Хотири имом Ибни Ҷавзӣ
Хонда шуд 267 бор
* Июль 29, 2017, 12:49:07 п.н.
Аҷибаш ин аст, ки аз ғурури худ шод ҳастӣ!
(Сайди Хотир, Ибни Ҷавзӣ)

Ин ҳама лаззатҳое ки ба даст меорӣ, туро аз харобии ҳолат ғофил кардааст (ки намебинӣ чӣ мекуниву куҷо равонӣ).
(Сайди Хотир, Ибни Ҷавзӣ).

Чӣ басо соҳибони мақому манзалат буданд, ки қабл аз фурӯд омаданашон ба қабр, фурӯд омадаанд...
(Сайди Хотир, Ибни Ҷавзӣ).

Шоистатарин чизе ки бояд нигаҳдорӣ карду дуруст кард, ин забон асту чашм...
(Сайди Хотир, Ибни Ҷавзӣ).

Ва бадтар аз он сархамиву пушаймонӣ (дар бозори қиёмат) ин аст ки туро мепурсанд: Ба хотири чӣ ва дар ивази чӣ ба чунин ҳол гирифтор шудӣ?!
Чӣ тавр фониро бар боқӣ ихтиёр кардӣ?!
(Сайди Хотир, Ибни Ҷавзӣ)

Худованд фурсат медиҳад ва нармӣ мекунад, вале ҳеҷ гоҳ сустиву саҳлангорӣ намекунад ва ғофил аз ҷазои амалҳо нест.
(Сайди Хотир, Ибни Ҷавзӣ)

Ба ҳуш омадани шахси муҳтазар.

Яке аз зарифтарин (латифтарин) чизҳо - ин ба ҳуш омадани муҳтазар аст, ҳангоми марг.
Бедориву яқини ин шахсро наметавон васф кард ва нигаронӣ (ошуфтагиву ташвишу беқарорӣ)-и ӯро ҳадде нест.
Барои замони гузаштааш ҳасрат мехурад ва таманно мекунад ки раҳояш кунанду фурсате дошта бошад...
Пас оқил шахсе ҳаст, ки чунин соатро барои худ мисол меорад (тасаввур мекунад) ва ба муқтазои он амал мекунад...
(Сайди Хотир, Ибни Ҷавзӣ)

Агар баъди мурдан моро тарк мекарданд, пас марг роҳате буд барои тамоми зиндаҳо.
Вале баъди мурдан, моро зинда месозанд, ва аз ҳама чиз моро мепурсанд...
(Сайди Хотир, Ибни Ҷавзӣ)

Бародаронам!
Аз мавҷҳои ин баҳр (баҳри гуноҳ ва нофармонии Худованд) барҳазар бошед, ва оромии он шуморо мағрур насозад.
Дар соҳил бошед ва қалъаи тақворо лозим бигиред.
Зеро ки уқубат талх аст!
(Сайди Хотир, Ибни Ҷавзӣ)

Ин ҳама ҳаводис (инҳироф ва афъоли суфия) андак-андак ба вуҷуд омада буд, то инки ҳамаро фаро гирифт.
Аммо "ширби аввал" (машраби софи Паёмбар ва ёронаш) аз ин чизҳо орӣ буд, ва саҳоба чунин корҳоро намекарданд...
Пас ҳар шахсе ки иқтидо карданӣ бошад, ба Расулуллоҳ (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ) ва ёронаш иқтидо кунад, зеро ки дар иқтидо ба эшон аст шифову матлуб.
(Сайди Хотир, Ибни Ҷавзӣ)

Роҳе ки ба сӯйи дӯст мебарад, дӯрӣ надорад!
(Сайди Хотир, Ибни Ҷавзӣ)

Қиссаи саг ва шер

Саг аз номи ҳақиру қабиҳи хеш ба Шер шикоят карду хоҳиш кард, ки номашро иваз кунад.
Номи воло ва некӯе талаб дорад.
Шер гуфта: Ин пораи гӯштро бигир ва то пагоҳ сабр намо ва аз хӯрдани ин гӯштпора худдорӣ намо. Агар худдорӣ кардӣ, номатро иваз хоҳам кард.
Саг ҳам бо гӯштпора каме сабр карду сипас ҳавои нафс боло гирифту гуфт: Чӣ шудааст ба ин ном? Боке надорад!...
Натавонист аз хоҳиши нафс худдорӣ кунад, ва оқибат номи волову иззату ифтихоре соҳиб гардад. Ба гӯштпорае иззати абадӣ фурӯхт.
Ҳиммат накард...
(бо тасарруф аз Сайди Хотир, Ибни Ҷавзӣ)

Куҷоянд шарифҳо дар замони мо?!

Умар ибни Абдулазиз (раҳимаҳуллоҳ) аз марде машварат хост, ки чӣ шахсеро кор гирам.
Гуфт: Аммо арбоби дин (обидону зоҳидону донишмандон) ин раёсат ва маносиби туро намехоҳанд.
Ва аммо арбоби дунёро ту худ намехоҳӣ.
Ва локин аз ашроф (инсонҳое ки аз ашрофи қавманд) коргар бигир, зеро ки ин тоифа мардум шарафи худро ҳифз мекунанд, аз ҳарчӣ ки нодуруст аст...
(Сайди Хотир, Ибни Ҷавзӣ)

Оқил касест ки андеша мекунад дар мавриди чизҳое ки воқеъ шуданаш имкон дорад...
(Сайди хотир, Ибни Ҷавзӣ)

Хулосае дар мавзӯъи тақдир

Бале "Худо агар хоҳад", ҳама чиз мешавад, бале тавфиқи Худованд асл аст.
Вале тавфиқ (хости Худо) амри пӯшидае ҳаст, ки мову ту хабар надорем. Аммо хитоби Худованд ба мо, амри ошкор аст.
Пас оқил чунин намекунад, ки як амри номаълумеро асос кардаву аз чизи ошкору маълум рӯй гардонад.
Гуноҳро карда, Худо хоҳад тарк мекунам гуфтан, беақлӣ аст!
(бо истифода аз Сайди Хотир, Ибни Ҷавзӣ)

Хулосае дар мавзӯъи тақдир

Бале "Худо агар хоҳад", ҳама чиз мешавад, бале тавфиқи Худованд асл аст.
Вале тавфиқ (хости Худо) амри пӯшидае ҳаст, ки мову ту хабар надорем. Аммо хитоби Худованд ба мо, амри ошкор аст.
Пас оқил чунин намекунад, ки як амри номаълумеро асос кардаву аз чизи ошкору маълум рӯй гардонад.
Гуноҳро карда, Худо хоҳад тарк мекунам гуфтан, беақлӣ аст!
(бо истифода аз Сайди Хотир, Ибни Ҷавзӣ)

Ва аз ахлоқи суфиҳо ин аст, ки мардумро аз илми шаръӣ мегурезонанд, ва даъво доранд ки ниёзе ба воситаҳо (яъне ривояти илм ва ахзи улум аз уламо) нест, балки қалб асту Парвардигор (яъне қалби суфӣ мустақим аз Парвардигор илмро дарёфт мекунад)!
Ва ин суфиҳо гуфтору рафтори мункаре зиёд доранд, ки дар китоби "Талбиси Иблис" зикр кардаам.
Оҳ! Агар ин замон марде мисли Умар медошт, дар як рӯз садҳо дурра ниёз дошт (барои таъдиб ва ислоҳи ин муфсидон ки шариъатро хароб карданд). Не, балки шамшерро истифода мекард дар ин хавориҷ (хориҷшудагон аз одоби шариъат).
Ва ин тоифа дар дохили шаҳр нуфуз доранду уламо қудрате надоранд дар радду ислоҳашон, ва сухани уламоро дар бораи ин суфиҳо мардум гӯш намекунанд (мутаассифона)...
(Сайди Хотир, Ибни Ҷавзӣ)

Ва қисмати дигаре аз мардум, арбоби маъош (мардумони коргар) ҳастанд, ки дар паймона кам мекунанд, ва аз тарозу мезананд ва ҳаққи мардум мехӯранду бо рибо муомала доранд.
Инҳо рӯзи дароз дар бозоранду ҷуз ҳамин корашон ғами дигаре надоранд, ва чун шаб омад, мисли мастон меафтанд.
Ҳиммати инҳо танҳо ҳамон хӯрдан асту лаззат бурданаш.
Ва аз намоз дар инҳо хабаре нест, вале агар яке аз инҳо намоз хонад, пас бехушӯъ мисли мурғ дона мечинад ё ки намозҳоро ҷамъ мекунад.
Ин тоифа дар ҳисоби баҳоиманд...
(Сайди Хотир, Ибни Ҷавзӣ).

Ва қисмате дигар аз мардум ин тоҷиронанд, ки ғаму ҳимматашон танҳо касбу ҷамъоварии мол аст, ва бисёре аз ин тоҷирон закоти молро адо намекунанд, ва аз рибо парҳез надоранд.
Ин тоифа танҳо дар шаклу сурат инсонанд!
(Сайди Хотир, Ибни Ҷавзӣ)

Ва қисмати дигаре аз мардум ин салотин ҳастанд, ки бар ҷаҳлу нодонӣ ва пӯшидани ҳарир ва нӯшидани хамр ва зулми мардум тарбият ёфта, ва коргарҳояш низ мисли худашонанд.
Ин тоифа ба ҷумлагӣ аз хайр бадӯранд!
(Сайди Хотир, Ибни Ҷавзӣ)

Иблис тоифае аз мутазаҳҳидон (суфиҳо)-ро ба офатҳое гирифтор кардааст, ки бузургтарини ин офатҳо дӯр кардани суфиҳо аз илм аст.
Гӯё ки ин иблис аз хомӯш кардани чароғ оғоз кард, токи дар торикӣ динашонро дуздад. Ба ҳадде ки ин иблис қавме аз уламои бузургро низ ба ин роҳ кашид...

Дидам, ки АбуҲомиди Тусӣ (Ғаззолӣ) дар бораи хеш дар баъзе китобҳояш ҳикоят мекунад:
"Бо яке аз пирҳои соҳиби мақому манзалат аз суфиҳо машварат кардам, дар мавзӯъи мувозабат ба тиловати Қуръон.
Он пир маро аз ин чиз манъ кард!
Гуфт: Роҳ ин аст, ки алоқаи худро аз ин ҷаҳон комилан биканӣ, токи қалби ту ба аҳлу хонавода ва фарзанду мол ва илму дониш илтифоте накунад. Балки ба ҳолате расӣ, ки будани ин чизҳо бо набуданашон бароят баробар бошад. Ва сипас ба кунҷе (хонақоҳе) хилват кунӣ, ва аз ибодатҳо ба фарзу равотиб иктифо намоӣ, ва бо қалби фориғ аз ҳама чиз пайваста Аллоҳ, Аллоҳ бигӯӣ.
То охир ба ҳолате расӣ, ки агар забонатро ҳаракат надиҳӣ ҳам, гӯё ин калима ба забонат ҷорӣ шавад.
Сипас бубин ки чӣ чизҳое бароят фатҳ мешавад, аз мисли он чизҳое ки бар паёмбарон ва авлиё фатҳ мешуд!".

Мегӯям: Ин гуна чизро ман аз он пири васиятгар аҷаб намедонам (зеро ки ҳоли эшон маълум аст), вале таъаҷҷуби ман аз ин қабулкунанда (АбуҲомиди Ғаззолӣ) ҳаст, бо ин ҳама маърифат ва фаҳми хеш (чунин хурофот ва инҳирофу залолатро қабул кардааст).
Оё мақбул аст, ки роҳи расидан ба ризои Аллоҳ бо эъроз аз тиловати Қуръон бошад?!
Ва оё фатҳе ки ба Анбиё мешуд, ба сабаби риёзат ва муҷоҳадот буд магар?!
Ва оё мешавад эътимод карду бовар кард, ба ончӣ ки аз ин гуна равиш (равиши ин суфиҳо) ҳосил мешавад?!
Сипас ин фатҳе ки даъво мекунанд, чӣ ҳаст?!
Иттилоъ ба ғайб аст ё ки ваҳй?!

Тамоми инҳо (хурофоту залолати тасаввуф) аз бозиҳои иблис аст бо ин суфиҳо. Ва чӣ басо он ҳама хаёлҳояшон аз сабаби молихулё ё ки аз иблис аст.

(Эй толиби ҳақ ва солики роҳи рост) ба илму дониш чанг бизан ва сираи салафро бубин. Оё касе аз салафи мо чунин корҳоро мекард, ё ки ба чунин корҳо амр кардааст?!
Балки салафи солеҳ ба Қуръону илм машғул буданд ва ин Қуръону ин илм онҳоро ба ислоҳи нафсашон ва тазкия раҳнамоӣ кард (на ин хурофот ва инҳирофоте ки имрӯз бо номи тасаввуф роиҷ аст).
(Сайди Хотир, Ибни Ҷавзӣ)

Аз "дузди танбалӣ" барҳазар бош ки бо фиребу ҳила вақтро аз ту медуздад.
(Сайди Хотир, Ибни Ҷавзӣ)

Бишри Ҳофӣ (раҳимаҳуллоҳ) аз назди чоҳе мегузашт, ки дӯсташ гуфт: Ташнаам, нӯшидан мехоҳам.
Бишр гуфт: Чоҳи баъдӣ.
Чун ба чоҳи баъдӣ расиданд, гуфт, ки чоҳи баъдӣ.
Сипас гуфт: Ҳамин тавр дунёро мегузарӣ...
(Сайди Хотир, Ибни Ҷавзӣ)

Ин ҳама ҳалокгаштагоне ки ҳалок шуданд, ба хотири бесабрияшон буд аз шаҳватҳо ва хоҳишҳои нафс.
Дар аҷабам аз муъмине ки яқин дорад, вале яқинаш ба ӯ фоидае накардааст ва оқибати корро медонад, вале фаҳму ақлаш нафъеш набахшидааст!
(Сайди Хотир, Ибни Ҷавзӣ)

Фазилати ақл дар он аст, ки оқибати чизҳоро тааммул мекунад, ва аммо шахси камақл танҳо ҳоли ҳозирро мебинад, ва оқибатро андеша намекунад.
Дузд гирифтани молро мебинад, вале бурида шудани дасташро фаромӯш мекунад.
Баттол (бекорхӯҷаи танбал) лаззати роҳатро мебинад, вале аз даст додани илму дониш ва касби молро намебинад...
Ҳамчунин шаробнӯш ҳамон лаҳза лаззат мебарад, вале намебинад ки чӣ балое ба сараш меорад, дар дунёву охират.
Ҳамчунин зино, ки инсон қазои шаҳваташро мебинад, вале шармандагии дунёву ҳадди шариъатро намебинад, ва шояд он зан шавҳар дорад, ва бад-ин сабаб фарзанд ба он мард нисбат дода мешавад (ва офати дигаре ҳаст)...
(Сайди Хотир, Ибни Ҷавзӣ)

Муҳаммад ибни Саммок мегуфт:
Эй фарзанди Одам! Доим дар ҳабс ҳастӣ.
Маҳбус будӣ дар сулби падар, сипас шиками модар, сипас бандҳои гаҳвора, сипас дар мактаб, ва низ маҳбус мешавӣ дар талошу гирудорҳои зиндагӣ барои ризқи хонавода.
Охир барои хеш роҳате талаб, баъди маргат!
Токи онҷо низ маҳбус набошӣ!
(Табсира, Ибни Ҷавзӣ, 39).
« Вироиши охирон: Июль 30, 2017, 04:15:41 п.н. аз zayd_muwaheed »

Записан