Сабти ном
 
Имом Молик (раҳматуллоҳи алайҳ) гуфта аст:
السنة سفينة نوح من ركبها نجا ومن تخلف عنها غرق
Суннат - киштии Нӯҳ аст, ҳар кӣ бар он савор шавад, наҷот ёбад. Ва ҳар кӣ аз он бозпас монад, ғарқа гардад.

Дар садақа шифо ҳаст!
Хонда шуд 183 бор
Май 19, 2017, 05:46:08 б.н.
Дар садақа шифо ҳаст!

Расулуллоҳ (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
Беморони худро бо садақа табобат кунед.
(Ҳасан аст, Албонӣ дар Саҳеҳул-ҷомеъ, 3358).

Марде назди имом Абдуллоҳ ибни Муборак омад ва шикоят кард, ки дар зонуяш захме (ярае) ҳаст, ки ҳафт сол аст шифо намеёбад.
Имом гуфт: Дар ҷое ки мардум ба об ниёз доранд, чоҳе бикан.
Умед дорам агар онҷо об омад, инҷо хуни ту аз рафтан бозистад.
Мард чунин карду шифо ёфт.
(Заҳабӣ, Сияруаъломин-нубало)

19.05.2017

Записан