Сабти ном
 
Имом Молик (раҳматуллоҳи алайҳ) гуфта аст:
السنة سفينة نوح من ركبها نجا ومن تخلف عنها غرق
Суннат - киштии Нӯҳ аст, ҳар кӣ бар он савор шавад, наҷот ёбад. Ва ҳар кӣ аз он бозпас монад, ғарқа гардад.

Ирфони динӣ ва ҳақиқӣ истилоҳоти ракик надорад
Хонда шуд 43 бор
Июль 09, 2017, 07:37:50 б.н.
Ирфони динӣ ва ҳақиқӣ истилоҳоти ракик надорад
Ончӣ орифон ва шоъирон барои худ истилоҳот ва таъвилот овардаанд, ракик ва ботил аст, ва такрори алфози май, мутриб, зуннор ва дилбари айёр бар зидди ислом ва маърифат, балки куфру ширк аст. Шеър:
Чӣ меҷӯӣ ту шоъир аз лаби ёр?
Чӣ хоҳӣ аз буту аз зулфу зуннор?
Куҷо аз шаръ омад ин маҷозот?
Куҷо лоиқ бувад инҳо бар он зот?
Маҷозоти ракики ишқбозӣ,
Куҷо бар рухсаташ дори ҷавозе?
Агар мақсуд зоти кирдугор аст,
Куҷо лоиқ бар Ӯ лафзи «нигор» аст?
Ба ҷуз дар шоъири бебандуборе,
Аз ин алфоз кай дидӣ шиъоре?
Бирав бечора андар фикри дин бош,
На фикри истилоҳи ону ин бош.
Агар ирфон ба илмасту ақидат,
Чӣ суд аз истилоҳи беҳақиқат?
Бирав суфӣ, ки ин ирфон набошад,
Шиъори орифон имон набошад.
Агар садҳо кунӣ таъвили як зишт,
Бувад боқӣ ҳамон зишту ҳамон зишт.
Нагардад «қубҳа» дар маъно «афифа»,
На лафзи «фоҳиша» бошад «шарифа».
Агар садҳо бигӯӣ бут ҷамол аст,
Бут эй суфӣ залол асту залол аст.
Бале он ваҳдату тавҳиди ориф,
Бувад лоиқ ба алфози мухолиф.
Ҳар он чизе, ки ботил шуд асосаш,
Зи ботилҳо бувад зебу либосаш.
Ту худ гӯӣ, ки хатту холу абрӯ,
Ба ҷои хеш ҳар чизест некӯ.
Чаро пас худ нагӯӣ: Ин хурофот,
Надорад нисбате бо он мақомот.
Фуҷуру куфрро таъвил кардед,
Ба ҳар фисқе яке таълил кардед.
Агар таъвил ояд дар миёна,
Шавад ҳар куфри кофир орифона.
Бувад таъвил дар ахбору оёт,
На дар куфру ҳамоқоту хурофот.
Ту мехоҳӣ куни таъвили ноҳақ,
Хурофотро ҳамехоҳи куни ҳақ.
Чи доғе аст бар гуфти аботил,
Ки то мӯҳтоҷ кардӣ худ ба таъвил?
Чӣ завқ аст он, ки гӯӣ яксара ҳу-ст,
Шаробу шоҳиду соқӣ ҳама Ӯст?
Ибороти шумо бар Ҳақ раво нест,
Ки ин асмо, асмои Худо нест.
Муназзаҳ ҳаст зоти поки Яздон,
Зи таъбироти сӯъи аҳли ирфон.
Магар ориф ба ту шайтон шарик аст,
Чаро лафзи шумо зишту ракик аст?
***
Шаробу шамъу шоҳид завқи фисқ аст,
Агарчӣ гӯи ин аз завқи ишқ аст.
На Пайғамбар шароби бехудӣ хӯрд,
На бар аршаш Ҳақ андар бехудӣ бурд.
«Сақоҳум раббуҳум» ҷуз ин шароб аст,
«Таҳуран» ғайри масту дилхароб аст.
***
Хароботӣ шудан аз дин раҳоист,
Ки вазъаш бар худиву худнамоист.
Ба исқоти шариъат шуд харобот,
Ки худ гуфтанд: «Исқотул-Изофот».
Харобот он макони нокасон аст,
Макони ҳарзагӯву бемакон аст.
Хароботӣ ҳама ваҳм асту пиндор,
Хароботӣ ҳама шеър асту ашъор.
***
Баҷои сабҳаву саҷҷода дарвеш,
Фиканда хирқаву зуннор бар хеш.
Аз он дорад буту зуннорро дӯст,
Ки ҷосус асту тарсо мазҳаби ӯст.
Бигӯяд зуҳду тақво шайду қайд аст,
Валекин пиру майхона на қайд аст.
Ҳамегӯяд мукаррар аз буту ёр,
Нагӯяд ҳеҷ ӯ аз санъату кор.
Фиканда миллатеро дар хурофот,
Биёвардаст афкори харобот.
Зи истеъмори миллат гашта ӯ шод,
Кунад аз ишқу мастӣ ҳар даме ёд.
***
Ҳазорон бор бар он кеш лаънат,
Ки бут мазҳар шудаш аз ишқу ваҳдат.
Буту бутхонаву каъба яке кард,
Майу майхонаву масҷид яке кард.
Бар он ишқе тфу сад бор бошад,
Ки ақди хидматаш зуннор бошад.
Бирав ориф битарс аз Ҳақи бечун,
Бикун тавба биё аз ширк берун.
Агар «Ҳофизшикан»-ро дида бошӣ,
Бузургоне зи худ кай метарошӣ.
Бирав эй Бурқаъӣ фикри ватан бош,
На мисли шоъирон дар мову ман бош.
*

Записан