Сабти ном
 
Имом Молик (раҳматуллоҳи алайҳ) гуфта аст:
السنة سفينة نوح من ركبها نجا ومن تخلف عنها غرق
Суннат - киштии Нӯҳ аст, ҳар кӣ бар он савор шавад, наҷот ёбад. Ва ҳар кӣ аз он бозпас монад, ғарқа гардад.

Агар маълум шуд, ки ҳамсар бокира нест, чӣ бояд кард?!
Хонда шуд 118 бор
Август 07, 2017, 02:34:41 п.н.
Пурсиш:№118.
Агар маълум шуд, ки ҳамсар бокира нест, чӣ бояд кард?!

Посух:
Дар ин масъала посухи яке аз толибилмон бароям хело писанд омада буд, ҳамонро бо изофоте тарҷума хоҳам кард:

“Хуш омадӣ бародари азизам!
Ором бошу шайтонро бар худ мусаллат макун ва забонатро нигаҳ дор.

Аввалан:
Эҳтимол дорад ки ин зан дар ҳақиқат намедонад, ки бо ӯ чӣ шудааст, зеро аз лиҳози тиббӣ ин масъала маъруфу машҳур аст, ки духтар метавонад бо сабабҳое (бо зарба хӯрдане дар овони кӯдакӣ ва ҳаракати шадиде масалан) ба ин ҳол афтад. Ва ё имкон дорад ки пардаи бакораташ маттотӣ ҳаст (ҳалқавист ки қобили васеъ шудан мебошад), ҳама ин эҳтимолот вуҷуд дорад.

Сониян:
Фарз кардем, ки ӯ боре иштибоҳ кардаву сипас тавба кардааст ва пушаймон шудааст, дар ин ҳолат чӣ бояд кард!?
Доимо чунин буда, ки аҳли мурувват мадҳу сано мегӯянд, шахсеро ки айби ҳамсараш мепӯшад, модоме ки тавба кардааст ва пушмаймон шудаву хавф дорад. Чунин сатру айбпӯшӣ, қасам ба Аллоҳ аз бузургтарин некӯкориҳову садақот аст.
Ва дар торихи уммати исломӣ мардоне ҳастанд, ки ба некӣ ёд мешаванд, ба хотири айбпӯшии хеш.
Бародари азиз! Магар аз Аллоҳ дида ғаюртар ҳастӣ?
Не, қасам ба Аллоҳ!
Парвардигорат, тавбаи бандагонашро мепазирад, ва аз бадиҳояшон гузашт мекунад, ва медонад ки чӣ корҳо мекунед...
Ман ба хотири Аллоҳ насиҳатат мегӯям, қабул фармо.

На назди табибе равед, ва на ғайри табиб, балки масъаларо бигзарону фаромӯшаш кун, ва ин амали хешро шафоъате байни худат ва парвардигорат намо барои Рӯзи Ҷазо.
Худованд шарм мекунад ки ба гуноҳат туро муоахаза намояд, дар ҳоле ки ту ба хотири Ӯ аз гуноҳи канизаш гузаштаӣ. Он рӯз, ки наздаш рост мешавӣ бигӯй: Парвардигоро! Ту моро хабар кардаӣ ки агар айби бандае сатр кардем айби мо дар дунёву охират сатр мекунӣ, ман ҳам чунин кардам, пас ваъдаи хеш барои ман амалӣ соз...

Бародари азиз! Шайтонро ба худ мусаллат макун. Бидон ки куфр аз зино бадтар аст, ва саҷда ба бутҳо аз зино бадтар аст, ва саҳобазанон қабл аз биъсати Паёмбар ба бутҳо саҷда мекарданд, то инки мусалмон шуданд, ва аз некӯтарин занони олам гаштанд.
Тавба гуноҳонро маҳв мекунад, гӯё ки вуҷуд надошта.
Ва паёмбари ту эй бародар, паёмбари ғаюри арабӣ (салому дурӯди Аллоҳ бар ӯ) вақте ки ҳамсараш Оиша (разияллоҳу анҳо) ба зино туҳмат шуд, гуфт:
Эй Оиша агар иштибоҳе карда бошӣ, аз Аллоҳ мағфират пурс!

Бародарам, талоқ додан варианти осон аст, ва варианти инсонҳои ъоҷизу нотавон аст. Аммо ъазимат (устуворӣ ва ҳиммат), ки айбпӯшӣ ҳаст, тариқаи аҳли мурувват аст, аҳли илму аҳли амал, аҳли шараф ва ғайрат.
Ва бидон ки гуноҳи он хоҳар (агар гуноҳ карда бошад), ба ту вобаста нест, зеро ки қабл аз ту будааст, балки байни ӯ ва Парвардигори Кариму Афвкунанда ҳаст 

Пас ин ҳама фикру васвасаҳоро канор гузор ва хуш бошад бароят издивоҷу муборак бошад бароят. Ва барои туву ин хоҳар фарзандони солеҳ ва фармонбардоре рӯзӣ кунад, ки дар ғами ин уммат бошанд.

Ва огоҳии ахир: Вақте ки ба ин насиҳат амал кардӣ ва масъаларо ба некӣ пушти сар кардӣ, барҳазар бош ки дигарбора ба ёди ин мавзӯъ бозгардӣ (шайтон аст ки туро ба ёди ин мавзӯъ мебарад), ва барҳазар бош аз инки ҳамсаратро сарзаниш кунӣ ва айб гириву ба хиҷолат андозӣ, қасам ба Аллоҳ чунин сарзанишу хиҷолатзада карданаш аз зино бадтар аст.
Муваффақ бошӣ”.

Муҳаммадазиз Раҷабӣ
07.08.2017

Записан