Сабти ном
 
Имом Молик (раҳматуллоҳи алайҳ) гуфта аст:
السنة سفينة نوح من ركبها نجا ومن تخلف عنها غرق
Суннат - киштии Нӯҳ аст, ҳар кӣ бар он савор шавад, наҷот ёбад. Ва ҳар кӣ аз он бозпас монад, ғарқа гардад.

Дуои азиме ҳаст: Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ!
Хонда шуд 162 бор
Май 13, 2017, 11:09:17 б.н.
Дуои азиме ҳаст:
Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ!
لا حول ولا قوة الا بالله !
"Нест ҳаракате, ва на қудрату тавоноие магар бо Аллоҳ!"

Дар ин дуъо эътирофи аҷзу нотавонист ва ниёзмандист ба тавфиқи илоҳӣ ва талаби қуввату қудрат аст аз Ӯ таъоло.
Нест гардише аз як ҳол ба ҳоли дигар, ва қуввате ҳосил намешавад барои коре кардан, магар бо кумаку тавфиқи Аллоҳ таъоло.
Ибни Аббос гуфта: (Ҳаракате надорем барои амал кардан ба тоъати Аллоҳ, магар бо Аллоҳ ва қуввате надорем барои тарки маъсият магар бо Аллоҳ).
Яке дигар аз салаф Зуҳайр ибни Муҳаммад мегӯяд: (Ончӣ ки дӯст медорӣ ба даст намеорӣ магар бо Аллоҳ, ва аз ончӣ ки бад мебинӣ даст намекашӣ магар бо Аллоҳ).
Ва гӯянд: (Нест ҳаракате (ҷунбише) дар радд кардани бадиҳо, ва нест қуввате дар ҷалбу таҳсили некӯиҳо, магар бо Аллоҳ).

М. Раҷабӣ
05.04.2017

Записан