Сабти ном
 
Имом Молик (раҳматуллоҳи алайҳ) гуфта аст:
السنة سفينة نوح من ركبها نجا ومن تخلف عنها غرق
Суннат - киштии Нӯҳ аст, ҳар кӣ бар он савор шавад, наҷот ёбад. Ва ҳар кӣ аз он бозпас монад, ғарқа гардад.

Зикрҳои субҳу шом (паноҳгоҳи мусалмон)
Хонда шуд 155 бор
Май 13, 2017, 11:18:14 б.н.

АЗКОРИ БОМДОДУ БЕГОҲ
Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон. 

Бисмиллоҳи ва-л-ҳамду лиллоҳи ва-с-салоту ва-с-салому ъало Расуллиллоҳ.
Нахуст аз ҳама ин ки Пайғамбари гиромӣ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва ёрони покизаи ӯ ва ҳама мардумони порсову накӯкор бар гуфтани ин зикрҳои бомдоду бегоҳ мудовамат кардаанду онҳоро тарк нанамудаанд ва ҳар ки роҳи ростини онҳоро паймояд бояд, ки ин зикрҳоро пайваста дар вақташон бигӯяд ва аз савобҳои бешумори онҳо баҳраманд гардад.
Азкори бомдоду бегоҳ вақти муайян доранд ва донишмандон дар бораи муайян кардани вақти бомдоду бегоҳӣ ва оғозу поён расидани онҳо ихтилоф намудаанд. Бархе бар инанд, ки бомдод бо дамидани субҳ оғоз мегардаду бо тулӯи хуршед поён меёбад. Ва бархе аз ишон мегӯянд, ки вақти он бо фаро расидани зуҳо, яъне чоштгоҳ анҷом мепазирад, вале вақти баргузидаи азкори бомдод, аз субҳдам то баланд шудани хуршед аст. Аммо дар бораи вақти азкори бегоҳӣ, бархе донишмандон низ бар ин роянд, ки аз вақти намози аср сар мешаваду бо ғуруби офтоб ба охир мерасад ва бархе дигар чунин мегӯянд, ки вақти он то сеяки шаб давом мекунад ва гурӯҳи дигари онҳо оғози азкорро баъди намози шом медонанд.
Дурусттарин рой дар ин бора ин аст, ки банда кӯшиш намояд, ки азкори бомдодро аз субҳдам то баромадани офтоб бигӯяд. Агар дар ин байн азкори бомдодро гуфтан натавонад, боке нест, ки то ниҳояти чошт, яъне то пеш аз намози пешин бигӯяд. Азкори бегоҳро баъд аз аср то намози шом бигӯяд ва агар дар ин вақт азкорро нагӯяд, равост, ки то сеяки шаб бигӯяд.
 
АЗКОРИ БОМДОД
 
Алҳамду лиллоҳи ваҳдаҳу ва-с-салоту ва-с-салому ъало ман ло набийя баъдаҳу.
Ситоиш Аллоҳи якторо ва дуруду паём бар касе бод, ки пас аз ӯ пайғамбаре нест.
 
Ояти курсӣ
1. Аъузу биллоҳи мина-ш-шайтони-р- раҷим.
Аллоҳу ло илоҳа илло ҳувал-ҳайюл-қайюм. Ло та’хузуҳу синатун ва ло навм. Лаҳу мо фис-самовоти ва мо фил-арз. Ман заллазӣ яшфаъу ъиндаҳу илло биизниҳ. Яъламу мо байна айдиҳим ва мо халфаҳум. Ва ло юҳитуна бишай’ин мин ъилмиҳи илло бимошо’. Васиъа курсийюҳус-самовоти вал-арз. Ва ло я’удуҳу ҳифзуҳумо. Ва ҳувал-ъалийюл-ъазим.
 
1. Аз шайтони рондашуда ба Аллоҳ паноҳ мебарам.
Аллоҳ яктост, ки ҷуз ӯ эзиде шоистаи парастиш нест. Ҳамеша зинда ва ҳамвора пояндаву тадбиркунанда аст. Ҳаргиз ӯро ғанав ва хоб нагирад. Ончи дар осмонҳо ва ончи дар замин аст, ӯрост. Кист он кӣ дар пешгоҳи ӯ поймардиву шафоат кунад, магар ба фармон ва дастури ӯ. Гузашта ва ояндаи эшонро медонад. Ва аз дониши ӯ фаро намегиранд, магар он чиро ӯ хоста. Курсии ӯ осмонҳову заминро дар бар гирифта ва нигаҳдории ин ду, яъне осмонҳову замин барояш гаронӣ накунад. Ва ӯ бартари бузург аст.
 
Сураи ИХЛОС.
2. Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим Қул ҳуваллоҳу аҳад. Аллоҳус-самад. Лам ялид ва лам йулад. Ва лам якун лаҳу куфуван аҳад.
2. Ба номи Аллоҳи бахшояндаи меҳрубон. Бигӯ, ӯ Аллоҳи ягона аст (ва ҷуз ӯ касе шоистаи парастиш набувад ва ӯ яктост ва ҳамтову шарику анбозу ҳампояву ҳамдасту ҳамдаму баробару вазир надорад). Аллоҳи бениёз аст (ва ҳамагон ҳамеша ба ӯ ниёзманду ва ӯ ба касе ва чизе ниёз надорад). Касеро назода ва аз касе назода аст (ва зану фарзанду падару модар надорад ва навпайдо нест, балки ӯ куҳану қадим аст). Ва ҳеҷ яке ӯро ҳамто нест (ва чизе монанди ӯ нест ва ӯ ҳамнавъу анбозу шарик надорад).
 
Сураи ФАЛАҚ.
Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.
Қул аъузу бираббил-фалақ. Мин шарри мо халақ. Ва мин шарри ғосиқин изо вақаб. Ва мин шаррин-наффосоти фил-ъуқад. Ва мин шарри ҳосидин изо ҳасад.
Ба номи Аллоҳи бахшояндаи меҳрубон.
Бигӯ, ба Парвардигори сапедадам паноҳ мебарам. Аз бадии он чи ӯ офарида, (аз бадии ҳамаи офаридагон ба Аллоҳи ҷаҳонофарин паноҳ мегирам). Ва аз бадии торикии шаб чун ғуруби офтоб андар ояд (ва ахтарону моҳтоб падидор гарданд). Ва аз бадии занони ҷодугари даманда (,ки дар гиреҳҳо афсун кунанд). Ва аз бадии рашкварзанда чун рашк намояд -(у захми чашм занад ва заволи неъмат хоҳад).
 
Сураи НОС
Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.
Қул аъузу бираббин-нос. Маликин-нос. Илоҳин-нос. Мин шаррил-васвосил-ханнос. Аллазӣ ювасвису фӣ судурин-нос. Минал-ҷиннати ван-нос.
Ба номи Аллоҳи бахшояндаи меҳрубон.
Бигӯ ба Парвардигори мардумон паноҳ мебарам. Ба Подшоҳи фармонравои мардумон (паноҳ меҷӯям). Ба Эзиди шоистаи парастиши мардумон (паноҳ мегирам). Аз бадии шайтони васвасакунандаи бисёр ниҳоншаванда. Аз бадии ҳамон шайтоне, ки дар дилҳои мардумон васваса меафганад (-у бадкориро дар назарашон меорояд). Хоҳ аз миёни шайтонҳои ҷинн бошад ва хоҳ аз миёни шайтонҳои одамизодагон.(се бор)
 
3. Асбаҳно ва асбаҳал-мулку лиллоҳи вал-ҳамду лиллоҳи, ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамду ва ҳува ъало кулли шай’ин қадирун. Рабби ас’алука хайра мо фӣ ҳозал-явми ва хайра мо баъдаҳу ва аъузу бика мин шарри мо фӣ ҳозал-явми ва шарри мо баъдаҳу. Рабби аъузу бика минал-касали ва су’ил-кибари, рабби аъузу бика мин-ъазобин фин-нори ва ъазобин фил-қабри.
3. Ба субҳ расидем ва мулки Аллоҳ дохили субҳ гашт. Ва сипос мар Аллоҳро, ҷуз Аллоҳ ҳеҷ эзиде шоистаи парастиш нест, ӯ ҳамто надорад, подшоҳӣ ӯрост ва ситоиш ӯрост ва ӯ бар ҳама чиз тавоност. Парвардигоро! Накӯиро, ки дар ин рӯз аст ва накӯии пас аз ин рӯзро аз ту дархост мекунам. Ва аз бадии ин рӯз ва аз бадии пас аз ин рӯз ба ту паноҳ мебарам. Парвардигоро, аз танбаливу гаронҷонӣ ва аз бадии куҳансолӣ ба ту паноҳ мебарам. Парвардигоро, аз азоби оташу аз азоби гӯр ба ту паноҳ мебарам.
 
4. Аллоҳумма бика асбаҳно ва бика амсайно ва бика наҳйо ва бика намуту ва илайкан-нушуру.
4. Худовандо, бо ту ба субҳ расидем ва бо ту ба бегоҳ расидем ва баҳри ту мезием ва баҳри ту мемирем ва бозофариниши мо ба сӯи туст.
 
5. Аллоҳумма анта раббӣ, ло илоҳа илло анта халақтанӣ ва ана ъабдука ва ана ъало ъаҳдика ва ваъдика мастатаъту, аъузу бика мин шарри мо санаъту, абу’у лака биниъматика ъалайя ва абу’у бизанбӣ, фағфир лӣ фаиннаҳу ло яғфируз-зунуба илло анта.
5. Худовандо! Ту Парвардигори манӣ, ҷуз ту эзиде шоистаи парастиш нест ва маро ту офаридаӣ ва ман бандаи туям ва ман ҳар қадаре ки тавонам бар паймони ту ва ваъдаи туям. Аз бадии ончи ки сохтаам ба ту паноҳ мебарам. Бар он неъматҳоят, ки бар ман додаӣ муътарифам ва ба гуноҳи хеш ҳисту ва муътариф ҳастам, пас маро биёмурз, ки ҳаройина гуноҳҳоро ҷуз ту касе наёмурзад.
 
6. Аллоҳумма ъофинӣ фӣ баданӣ, аллоҳумма ъофинӣ фӣ самъӣ, аллоҳумма ъофинӣ фӣ басарӣ, ло илоҳа илло анта. Аллоҳумма иннӣ аъузу бика минал-куфри вал-фақри ва аъузу бика мин азобил-қабри, ло илоҳа илло анта. (Се бор)
6. Худовандо, тани маро беранҷ дор! Худовандо, шунавоиямро беранҷ дор! Худовандо, биноиямро беранҷ дор! Ҷуз ту ҳеҷ эзиде шоистаи парастиш нест, Худовандо, ҳаройина ман аз куфру бенавоӣ ба ту паноҳ мебарам ва аз азоби гӯр ба ту паноҳ мебарам. Ҷуз ту ҳеҷ эзиде шоистаи парастиш нест.
 
7. Аллоҳумма иннӣ ас’алукал-ъафва вал-ъофията фид-дунё вал-охирати, аллоҳумма иннӣ ас’алукал-ъафва вал-ъофията фӣ динӣ ва дунёя ва аҳлӣ ва молӣ. Аллоҳуммастур ъавротӣ ва омин равъотӣ, аллоҳуммаҳфазнӣ мин байни ядайя ва мин халфӣ ва ъан яминӣ ва ъан шимолӣ ва мин фавқӣ ва аъузу биъазаматика ан уғтола мин таҳтӣ.
7. Худовандо, ҳамоно ман аз ту бахшиши гуноҳҳову беранҷиро дар дунёву охират дархост мекунам Худовандо, ҳамоно ман аз ту бахшишу беранҷиро дар дину дунё ва хонадону дороии хеш дархост мекунам. Худовандо, айбҳову розҳоямро пӯшида дор ва аз тарсу бимҳоям маро эмин гардон. Худовандо маро аз пешам, аз пуштам ва аз ростам ва аз чапам ва аз фарозам нигоҳ бидор! Ба бузургии ту паноҳ мебарам аз ин ки ногаҳон аз зерам (бо фурӯ рафтани замин) ба марг расам.
 
8. Аллоҳумма ъолимал-ғайби ваш-шаҳодати, фотирас-самовоти вал-арзи, рабба кулли шай’ин ва маликаҳу, ашҳаду ан ло илоҳа илло анта, аъузу бика мин шарри нафсӣ ва мин шариш-шайтони ва ширкиҳи ва ан ақтарифа ъало нафсӣ су’ан ав аҷурраҳу ило муслимин.
8. Худовандо, ай донандаи ниҳону ошкор, ай созандаи осмонҳову замин, ай парвардигори ҳама чиз ва подшоҳи он, гувоҳӣ медиҳам, ки ҷуз ту эзиде шоистаи парастиш нест, аз бадии хештан бар ту паноҳ мебарам ва аз бадии шайтон ва ширк андохтани ӯ ва аз ин ки бар ҷони худ бадӣ ва гуноҳ кунам ва ё ки онро ба сӯи мусалмоне кашаму ба ӯ бадӣ расонам.
 
9. Бисмиллоҳил-лазӣ ло язурру маъасмиҳи шайун фил-арзи ва ло фис-само’и ва ҳувас-самиъул-ъалиму. (Се бор)
9. «Ба номи Аллоҳ, ки бо номи ӯ ҳеҷ чизе дар замину осмон газанде нарасонад ва ӯ бисёр шунавои доност.
 
10. Разийту биллоҳи раббан ва бил-исломи динан ва бимуҳаммадин набийян. (Се бор)
10. Ба парвардигории Аллоҳ ва ба дини Ислом ва ба пайғамбарии Муҳаммад (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) розӣ шудам.
 
11. Ё ҳайю, ё қайюуму, бираҳматика астағису, аслиҳ лӣ шаънӣ куллаҳу ва ло такилнӣ ило нафсӣ тарфата ъайнин.
11. Ай ҳамешазинда, ай ҳамворапойдору тадбиркунандаи ҷаҳон, аз ту ба раҳмату меҳрубонии ту ёрӣ меҷӯям, ки ҳама корҳоямро дуруст кун ва маро ба андозаи мижа задан ба хештан насупор ва ба ҳоли худ вонагузор!
 
12. Асбаҳно ва асбаҳал-мулку лиллоҳи раббил-ъоламина. Аллоҳумма иннӣ ас’алука хайра ҳозал-явми фатҳаҳу ва насраҳу ва нураҳу ва баракатаҳу ва ҳудоҳу ва аъузу бика мин шарри мо фиҳи ва шарри мо баъдаҳу.
12. Ба бомдод расидем ва мулки Аллоҳ – Парвардигори ҷаҳониён дохили бомдод гашт, Худовандо ҳамоно ман аз ту некӯии ин рӯзро, кушоишу пирӯзиву рӯшаниву баракату фархундагиву роҳнамоиашро аз ту дархост менамоям ва аз бадиҳояш ва аз бадиҳои пас аз ин рӯз ба ту паноҳ мебарам.
 
13. Асбаҳно ъало фитратил-исломи ва ъало калиматил-ихлоси ва ъало дини набиййнно Муҳаммадин саллаллоҳу ъалайҳи ва саллама ва ъало миллати абино Иброҳима ҳанифан муслиман ва мо кона минал-мушрикина. (пагоҳӣ ва бегоҳӣ)
13. Бо сиришти Ислом ва калимаи ихлос ва дини Пайғамбарамон Муҳаммад (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) ва шариати падарамон Иброҳим ба бомдод расидем, ки ӯ яктогирои мусалмон буд ва аз мушрикон набуд.
 
14. Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи. (Сад бор)
14. Аллоҳ пок аст ва сипос ӯрост.
 
15. Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамду ва ҳува ъало кулли шай’ин қадирун. (10-бор) (ё ҳангоми танбалӣ 1-бор)
15. Ҷуз Аллоҳ ҳеҷ эзиде шоистаи парастиш нест, ягона аст ва ҳамто надорад, мулку ситоиш ӯрост ва ӯ бар ҳама чиз тавоност.
 
16. Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамду ва ҳува ъало кулли шай’ин қадирун. (Сад бор ҳангоми бомдод)
16. Ҷуз Аллоҳ ҳеҷ эзиде шоистаи парастиш нест, ягона аст ва ҳамто надорад, мулку ситоиш ӯрост ва ӯ бар ҳама чиз тавоност.
 
17. Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи адада халқиҳи ва ризо нафсиҳи ва зината ъаршиҳи ва мидода калимотиҳи. (Се бор ҳангоми бомдод)
17. Аллоҳ пок аст ва сипос ӯро баробари шумораи офаридагонаш ва ба андозаи хушнудии нафси ӯ ва баробари тахташ ва баробари дарозии калимаҳояш. (бомдод 3-бор).
 
18. Аллоҳумма иннӣ ас’алука ъилман нофиъан ва ризқан таййибан ва ъамалан мутақаббалан. (Ҳангоми бомдод)
18. Худовандо, ман аз ту дониши судманд ва рӯзии покиза ва кирдори шоистаи пазироӣ дархост мекунам. (бомдод)
 
19. Астағфируллоҳа ва атубу илайҳи. (рӯзе 100-бор)
19. Аз Аллоҳ омурзиш меҷӯям ва ба сӯи ӯ тавбаву пӯзиш меҷӯям.
 
20. Аллоҳумма салли ва саллим ъало набиййино Муҳаммадин. (Даҳ бор)
20. Худовандо, бар пайғамбари мо Муҳаммад дуруду паём бифирист!
  
Нақл аз сомонаи «Фирдавсӣ».

Записан


Май 13, 2017, 11:19:45 б.н.
#1

АЗКОРИ БЕГОҲ
 
Алҳамду лиллоҳи ваҳдаҳу вас-салоту вас-салому ъало ман ло набийя баъдаҳу. Ситоиш Аллоҳи якторо ва дуруду паём бар касе бод, ки пас аз ӯ пайғамбаре нест.
 
Ояти курсӣ
1. Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир- раҷим.
Аллоҳу ло илоҳа илло ҳувал-ҳайюл-қайюм. Ло та’хузуҳу синатун ва ло навм. Лаҳу мо фис-самовоти ва мо фил-арз. Ман заллазӣ яшфаъу ъиндаҳу илло биизниҳ. Яъламу мо байна айдиҳим ва мо халфаҳум. Ва ло юҳитуна бишай’ин мин ъилмиҳи илло бимошо’. Васиъа курсийюҳус-самовоти вал-арз. Ва ло я’удуҳу ҳифзуҳумо. Ва ҳувал-ъалийюл-ъазим.
1. Аз шайтони рондашуда ба Аллоҳ паноҳ мебарам.
Аллоҳ яктост, ки ҷуз ӯ эзиде шоистаи парастиш нест. Ҳамеша зинда ва ҳамвора пояндаву тадбиркунанда аст. Ҳаргиз ӯро ғанав ва хоб нагирад. Ончи дар осмонҳо ва ончи дар замин аст, ӯрост. Кист он кӣ дар пешгоҳи ӯ поймардиву шафоат кунад, магар ба фармон ва дастури ӯ. Гузашта ва ояндаи эшонро медонад. Ва аз дониши ӯ фаро намегиранд, магар он чиро ӯ хоста. Курсии ӯ осмонҳову заминро дар бар гирифта ва нигаҳдории ин ду, яъне осмонҳову замин барояш гаронӣ накунад. Ва ӯ бартари бузург аст.
Сураи ИХЛОС.
2. Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
Қул ҳуваллоҳу аҳад. Аллоҳус-самад. Лам ялид ва лам йулад. Ва лам якун лаҳу куфуван аҳад.
2.Ба номи Аллоҳи бахшояндаи меҳрубон.
Бигӯ, ӯ Аллоҳи ягона аст (ва ҷуз ӯ касе шоистаи парастиш набувад ва ӯ яктост ва ҳамтову шарику анбозу ҳампояву ҳамдасту ҳамдаму баробару вазир надорад). Аллоҳи бениёз аст (ва ҳамагон ҳамеша ба ӯ ниёзманду ва ӯ ба касе ва чизе ниёз надорад). Касеро назода ва аз касе назода аст (ва зану фарзанду падару модар надорад ва навпайдо нест, балки ӯ куҳану қадим аст). Ва ҳеҷ яке ӯро ҳамто нест (ва чизе монанди ӯ нест ва ӯ ҳамнавъу анбозу шарик надорад).
 
Сураи ФАЛАҚ.
Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.
Қул аъузу бираббил-фалақ. Мин шарри мо халақ. Ва мин шарри ғосиқин изо вақаб. Ва мин шаррин-наффосоти фил-ъуқад. Ва мин шарри ҳосидин изо ҳасад.
Ба номи Аллоҳи бахшояндаи меҳрубон.
Бигӯ, ба Парвардигори сапедадам паноҳ мебарам. Аз бадии он чи ӯ офарида, (аз бадии ҳамаи офаридагон ба Аллоҳи ҷаҳонофарин паноҳ мегирам). Ва аз бадии торикии шаб чун ғуруби офтоб андар ояд (ва ахтарону моҳтоб падидор гарданд). Ва аз бадии занони ҷодугари даманда (,ки дар гиреҳҳо афсун кунанд). Ва аз бадии рашкварзанда чун рашк намояд -(у захми чашм занад ва заволи неъмат хоҳад).
 
Сураи НОС
Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.
Қул аъузу бираббин-нос. Маликин-нос. Илоҳин-нос. Мин шаррил-васвосил-ханнос. Аллазӣ ювасвису фӣ судурин-нос. Минал-ҷиннати ван-нос.
Ба номи Аллоҳи бахшояндаи меҳрубон.
Бигӯ ба Парвардигори мардумон паноҳ мебарам. Ба Подшоҳи фармонравои мардумон (паноҳ меҷӯям). Ба Эзиди шоистаи парастиши мардумон (паноҳ мегирам). Аз бадии шайтони васвасакунандаи бисёр ниҳоншаванда. Аз бадии ҳамон шайтоне, ки дар дилҳои мардумон васваса меафганад (-у бадкориро дар назарашон меорояд). Хоҳ аз миёни шайтонҳои ҷинн бошад ва хоҳ аз миёни шайтонҳои одамизодагон.(се бор)
3. Амсайно ва амсал-мулку лиллоҳи вал-ҳамду лиллоҳи, ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамду ва ҳува ъало кулли шай’ин қадирун. Рабби ас’алука хайра мо фӣ ҳозиҳил-лайлати ва хайра мо баъдаҳо ва аъузу бика мин шарри мо фӣ ҳозиҳил-лайлати ва шарри мо баъдаҳо. Рабби аъузу бика минал-касали ва су’ил-кибари , рабби аъузу бика мин-ъазобин фин-нори ва ъазобин фил-қабри.
3. «Ба бегоҳ расидем ва мулки Аллоҳ дохили бегоҳ гашт. Ва сипос мар Аллоҳро, ҷуз Аллоҳ ҳеҷ эзиде шоистаи парастиш нест, ӯ ҳамто надорад, подшоҳӣ ӯрост ва ситоиш ӯрост ва ӯ бар ҳама чиз тавоност. Парвардигоро! Накӯиро, ки дар дар ин шаб аст ва накӯии пас аз ин шабро аз ту дархост мекунам. Ва аз бадии ин шаб ва аз бадии пас аз ин шаб ба ту паноҳ мебарам. Парвардигоро, аз танбаливу гаронҷонӣ ва аз бадии пирӣ ба ту паноҳ мебарам. Парвардигоро, аз азоби оташу аз азоби гӯр ба ту паноҳ мебарам.»
 
4. Аллоҳумма бика амсайно ва бика асбаҳно ва бика наҳйо ва бика намуту ва илайкал-масиру.
4. Худовандо, бо ту ба бегоҳ расидем ва бо ту ба субҳ расидем ва баҳри ту мезием ва баҳри ту мемирем ва бозгашти мо ба сӯи туст.
 
5. Аллоҳумма анта раббӣ, ло илоҳа илло анта халақтанӣ ва ана ъабдука ва ана ъало ъаҳдика ва ваъдика мастатаъту, аъузу бика мин шарри мо санаъту, абу’у лака биниъматика ъалайя ва абу’у бизанбӣ, фағфир лӣ фаиннаҳу ло яғфируз-зунуба илло анта.
5. Худовандо! Ту Парвардигори манӣ, ҷуз ту эзиде шоистаи парастиш нест ва маро ту офаридаӣ ва ман бандаи туям ва ман ҳар қадаре ки тавонам бар паймони ту ва ваъдаи туям. Аз бадии ончи ки сохтаам ба ту паноҳ мебарам. Бар он неъматҳоят, ки бар ман додаӣ муътарифам ва ба гуноҳи хеш ҳисту ва муътариф ҳастам, пас маро биёмурз, ки ҳаройина гуноҳҳоро ҷуз ту касе наёмурзад.
 
6. Аллоҳумма ъофинӣ фӣ баданӣ, аллоҳумма ъофинӣ фӣ самъӣ, аллоҳумма ъофинӣ фӣ басарӣ, ло илоҳа илло анта. Аллоҳумма иннӣ аъузу бика минал-куфри вал-фақри ва аъузу бика мин азобил-қабри, ло илоҳа илло анта. (Се бор)
6. Худовандо, тани маро беранҷ дор! Худовандо, шунавоиямро беранҷ дор! Худовандо, биноиямро беранҷ дор! Ҷуз ту ҳеҷ эзиде шоистаи парастиш нест, Худовандо, ҳаройина ман аз куфру бенавоӣ ба ту паноҳ мебарам ва аз азоби гӯр ба ту паноҳ мебарам. Ҷуз ту ҳеҷ эзиде шоистаи парастиш нест.
 
7. Аллоҳумма иннӣ ас’алукал-ъафва вал-ъофията фид-дунё вал-охирати, аллоҳумма иннӣ ас’алукал-ъафва вал-ъофията фӣ динӣ ва дунёя ва аҳлӣ ва молӣ. Аллоҳуммастур ъавротӣ ва омин равъотӣ, аллоҳуммаҳфазнӣ мин байни ядайя ва мин халфӣ ва ъан яминӣ ва ъан шимолӣ ва мин фавқӣ ва аъузу биъазаматика ан уғтола мин таҳтӣ.
7. Худовандо, ҳамоно ман аз ту бахшиши гуноҳҳову беранҷиро дар дунёву охират дархост мекунам Худовандо, ҳамоно ман аз ту бахшишу беранҷиро дар дину дунё ва хонадону дороии хеш дархост мекунам. Худовандо, айбҳову розҳоямро пӯшида дор ва аз тарсу бимҳоям маро эмин гардон. Худовандо маро аз пешам, аз пуштам ва аз ростам ва аз чапам ва аз фарозам нигоҳ бидор! Ба бузургии ту паноҳ мебарам аз ин ки ногаҳон аз зерам (бо фурӯ рафтани замин) ба марг расам.
 
8. Аллоҳумма ъолимал-ғайби ваш-шаҳодати, фотирас-самовоти вал-арзи, рабба кулли шай’ин ва маликаҳу, ашҳаду ан ло илоҳа илло анта, аъузу бика мин шарри нафсӣ ва мин шариш-шайтони ва ширкиҳи ва ан ақтарифа ъало нафсӣ су’ан ав аҷурраҳу ило муслимин.
8. Худовандо, ай донандаи ниҳону ошкор, ай созандаи осмонҳову замин, ай парвардигори ҳама чиз ва подшоҳи он, гувоҳӣ медиҳам, ки ҷуз ту эзиде шоистаи парастиш нест, аз бадии хештан бар ту паноҳ мебарам ва аз бадии шайтон ва ширк андохтани ӯ ва аз ин ки бар ҷони худ бадӣ ва гуноҳ кунам ва ё ки онро ба сӯи мусалмоне кашаму ба ӯ бадӣ расонам.
 
9. Бисмиллоҳил-лазӣ ло язурру маъасмиҳи шайун фил-арзи ва ло фис-само’и ва ҳувас-самиъул-ъалиму. (Се бор)
9. «Ба номи Аллоҳ, ки бо номи ӯ ҳеҷ чизе дар замину осмон газанде нарасонад ва ӯ бисёр шунавои доност.
 
10. Ё ҳайю, ё қайюуму, бираҳматика астағису, аслиҳ лӣ шаънӣ куллаҳу ва ло такилнӣ ило нафсӣ тарфата ъайнин.
10. Ай ҳамешазинда, ай ҳамворапойдору тадбиркунандаи ҷаҳон, аз ту ба раҳмату меҳрубонии ту ёрӣ меҷӯям, ки ҳама корҳоямро дуруст кун ва маро ба андозаи мижа задан ба хештан насупор ва ба ҳоли худ вонагузор!
 
11. Амсайно ва амсал-мулку лиллоҳи раббил-ъоламина. Аллоҳумма иннӣ ас’алука хайра ҳозиҳил-лайлати фатҳаҳо ва насраҳо ва нураҳо ва баракатаҳо ва ҳудоҳо ва аъузу бика мин шарри мо фиҳо ва шарри мо баъдаҳо.
11. «Ба бегоҳ расидем ва мулки Аллоҳ — Парвардигори ҷаҳониён дохили бегоҳ гашт. Худовандо, ҳамоно ман аз ту некӯии ин шабро, кушоишу пирӯзиву рӯшаниву баракату фархундагиву роҳнамоии ин шабро аз ту дархост менамоям ва аз бадиҳояш ва аз бадиҳои пас аз ин шаб ба ту паноҳ мебарам.»
 
12. Амсайно ъало фитратил-исломи ва ъало калиматил-ихлоси ва ъало дини набиййнно Муҳаммадин саллаллоҳу ъалайҳи ва саллама ва ъало миллати абино Иброҳима ҳанифан муслиман ва мо кона минал-мушрикина.
12. Бо сиришти Ислом ва калимаи ихлос ва дини Пайғамбарамон Муҳаммад (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) ва шариати падарамон Иброҳим ба бегоҳ расидем, ки ӯ яктогирои мусалмон буд ва аз мушрикон набуд.
 
13. Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи. (Сад бор)
13. Аллоҳ пок аст ва сипос ӯрост.
 
14. Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамду ва ҳува ъало кулли шай’ин қадирун. (10-бор) (ё ҳангоми танбалӣ 1-бор)
14. Ҷуз Аллоҳ ҳеҷ эзиде шоистаи парастиш нест, ягона аст ва ҳамто надорад, мулку ситоиш ӯрост ва ӯ бар ҳама чиз тавоност.
 
15. Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамду ва ҳува ъало кулли шай’ин қадирун. (Сад бор ҳангоми бомдод)
15. Ҷуз Аллоҳ ҳеҷ эзиде шоистаи парастиш нест, ягона аст ва ҳамто надорад, мулку ситоиш ӯрост ва ӯ бар ҳама чиз тавоност.
 
16. Астағфиру-л-лоҳа ва атубу илайҳи. (рӯзе 100-бор)
16. Аз Аллоҳ омурзиш меҷӯям ва ба сӯи ӯ тавбаву пӯзиш меҷӯям.
 
17. Аъузу би-калимоти-л-лоҳи-т-томмоти мин шарри мо халақа. (бегоҳӣ 3 бор)
17. Аз бадии ончӣ Аллоҳ офарида ба калимаҳои комилу расои ӯ паноҳ мебарам.
 
18. Аллоҳумма салли ва саллим ъало набиййино Муҳаммадин. (Даҳ бор)
18. Худовандо, бар пайғамбари мо Муҳаммад дуруду паём бифирист!
 
Нақл аз сомонаи «Фирдавсӣ».

Записан