Сабти ном
 
Имом Молик (раҳматуллоҳи алайҳ) гуфта аст:
السنة سفينة نوح من ركبها نجا ومن تخلف عنها غرق
Суннат - киштии Нӯҳ аст, ҳар кӣ бар он савор шавад, наҷот ёбад. Ва ҳар кӣ аз он бозпас монад, ғарқа гардад.

Илм ва манҳаҷ
Хонда шуд 156 бор
Июнь 21, 2017, 12:43:33 п.н.
Илм ва манҳаҷ.

(1)
Тақрибан ҳашт сол қабл бо бародаре (аз пайравони шайх Рабиъ ибни Ҳодии Мадхалӣ) дар бораи манҳаҷ (равиши аҳли суннат дар фаҳму татбиқи дин ва даъвату ислоҳ ва амсоли инҳо) гуфтугӯй мекардаму мегуфт:
"Ин хавориҷ (такфириҳо ва аҳли ғулувв) ва ин ҳизбиҳо (ихвониҳо ва наҳзатиҳо ва амсоли инҳо) дар ҳақиқат пайрави аҳли илм нестанд, агарчанде ки эҳтироми уламоро даъво мекунанд".
Суҳбати мо ҳам дар бораи ин се имоми бузургвор Абдулазиз Ибни Боз, ва Муҳаммад ибни Солеҳ Усаймин ва Носируддин Албонӣ буд.
Дар он замон ман чунин чизро тасаввур карда наметавонистам, розӣ намешудам вале сукут мекардам.
Зеро ки шахсан барои ман ин се нафар аз муҷаддидин ва бузургтарин уламои уммат буданд.
Ва ҳеҷ вақт тасаввур намекардам, ки шахсе бузургиву маконати эшонро эътироф кунад, вале аз эшон пайравӣ намекарда бошад...

(2)
Вале инак чанд соли охир сухани он бародар бароям собит шуд.
Мутаассифона!
Мебинам ки баъзе ҷавонони толибилм аз Мақдисиву Улвон илм мегиранд, ба ҷойи Ибни Боз ва Усаймин.
Мебинам ки баъзеҳо китобҳои Фавзон ва Усайминро мехонанд, вале дар масъалаҳои ҳассосе мисли такфир ва амсоли он, ва аҳкоми навозил, мераванд суроғи кадом як шайхе дигар.
Баъзеи дигараш мегӯянд: Албонӣ олим асту фалону фалон, лекин дар ин масъалаҳо аз ӯ пайравӣ намекунем.
Баъзеи дигараш нав китоб хонданро оғоз кардааст, ва ниёз ба омӯхтани забони арабӣ дорад, - сухани Ибни Таймияро барои ман шарҳ доданӣ мешавад.

(3)
Аҷоибаш дар онки баъди ин ҳама инҳироф худро дар манҳаҷи суннат ва салаф мешуморанд.
Пас куҷо ҳаст эҳтироми аҳли илм ва пайравии ҳақиқии уламо?!
Куҷо шуд манҳаҷ?
Барои чӣ дар талаби илм манҳаҷи дурустро намепаймоед?
Ин ҳама харобу вайронӣ ва ихтилофу адоват ба сабаби ҳамин беманҳаҷӣ дар талаби илм аст.
Дар ҳеҷ илме аз улуми шаръӣ китобе аз уламои муътабарро дарс накардааст, ва хатм накардааст, - вале худро толибилм медонад.
Назди ҳеҷ устоде зону задаву китобе шарҳ надидааст, вале фатво медиҳад.
Куҷост илму куҷост манҳаҷ, ва куҷост имому роҳи шумо?
Аз паси киҳо ва куҷо равонед?
Оё дар ҳақиқат пайрави уламо ҳастед, ё ки пайрави ҳавову афкори худ?
Ин бузургворон Ибни Боз, ва Усаймин ва Албонӣ ва амсоли инҳо, - танҳо бароямон таҳорату намоз ва ҳайзу истинҷоро наомӯхтаанд, балки тамоми аҳкоми исломро баён кардаанд ки ниёзе ба Мақдисӣ ва кадоме дигар нест.
Пас чаро илми динатонро аз уламои муътабар намегиред?

М.Раҷабӣ
21.06.2017

Записан